arzon replenishment
Лолаи сиёҳ (ҚИСМИ 5)
1295

Фарид гуфт, ки агар зид набошад, мулло оварда, ӯро никох мекунад. Закия зуд розӣ шуд. Аммо Фарид ҳис кард, ки Закия хеле бешарму густох аст. Аммо Нозияи азизаш шармгину боғурур буд.

Аз дил гузаронид, ки чаро то ин дараҷа арӯсшавандааш тагйир ёфта бошад? Аммо боз аҳамияте надода, муллои ҷӯраашро оварда, ӯро никоҳ кард. Вале шаби аввал Закияро духтар наёфт. Асабаш вайрон шуда, ӯро таънаву маломат кард:

- Гӯш кун, Нозия, охир ману ту чанд сол шинос будем. Ту ку ғайри ман бо касе нагаштаӣ. Ман ку ҳатто боре аз лабонат бӯса ҳам накардаам. Хаёл кардам, ки ту худатро барои ман нигоҳ доштаӣ. Аммо ту иффати духтариатро кайҳо...

- Маро бубахш, Фарид. Ҳамаи ин баъди рафтани ту рух дод. Як ҷавони авбош маро Закия гуфта, ба номусам маҷбурӣ таҷовуз кард.

- Шуд, шуд, давомашро нақл накун, ки ман аз рашк мемирам.

Дили Фарид аз Закия сиёҳ буд. Ким чӣ хел дилаш гувоҳӣ медод, ки ҳамсараш чӣ сирри махфие дорад. Боре пурсид, ки ту ку дар поини лабонат хол надоштӣ, ин хол аз куҷо пайдо шуд?

- Э шавҳараки соддаям, охир ҳоло ҳамаи занону духтарон лабону абрӯвону чашмонашонро тату - холкӯбӣ мекунанд. Ман ҳам баъди рафтани ту ба кошонаи ҳусн рафта, дар поини лабонам холи сунъӣ гузоштам.

Фарид бори дигар ба чеҳраи ӯ бодиққаттар нигариста, бараъло дид, ки ин холи сиёҳ сунъӣ не, балки табиӣ аст. Аммо, охир Нозия дар поини лабонаш холе надошт. Ё ӯ аҳамият надода буд. Ҳеч ба хотираш намеомад.

Закия пинҳонӣ ба ватан ба Нозия занг зада, ҳолу аҳволашро пурсид.

- Хубам, шукр. Аммо аз Фарид паёме нест. Дар ин ҷо овоза паҳн шудааст, ки гӯё ӯ дар Русия зан гирифтааст.

- Ман дар шаҳри Маскавам ва корам хеле зиёд асту дар бораи Фариди ту маълумоте надорам. Ту бо Фарид аввалин бор дар куҷо шинос шуда будӣ?

- Дар истгоҳи Автовокзал. Чаро чунин суол додӣ?

- Не, ҳамту. Чунки агар раваду дар почтаи электрониам ҷавоб диҳад, аз номи ту посухаш медиҳам.

Фарид боре дар танҳоӣ аз Закия пурсон шуд, ки вохӯрии аввалинамон ба ёдат ҳаст?

- Чаро не, охир истгоҳи Автовокзал маркази ишқи ману ту мебошад. Чӣ тавр он рӯзи муборакро фаромӯш созам?

- Нозия, ватанро ёд кардам бениҳоят, биё баъди иди Наврӯз ба ватан меравем ва он ҷо барои хешу таборон як тӯйи дакаданг мегузаронем.

- Э не, намехоҳам. Ба ман Русия писанд омад. Дар ватан кор нест.

- Охир, ман падару модарамро сахт пазмон шудаам.

- Ман ҳам...

Аммо ин дам ба ёдаш омад, ки Нозия касе надорад ва зуд гапро дигар тараф бурда, гирякунон гуфт:

- Ман модар доштам, ӯ ҳам рафт. Дигар касе надорам.

- Ин тавр нагӯй азизам, ман ҳастам ку.

- Беҳтараш ту якҳафтаина ба ватан раву зуд гашта биё. Аммо ман як шарти ҷиддӣ дорам, ҷонам.

- Чӣ шарт?

- Ту ҳаргиз бо Закия - ҳаммонанди ман вонамехӯрӣ.

- Майлаш. Ӯ ба ман тамоман лозим нест. Ман раққосаҳоро чашми дидан надорам.

- Чаро ин қадар ба раққосаҳо нафрат дорӣ? Охир, онҳо ҳам одаманд.

- Э моне... ман нафрат дорам ба чунин занҳо.

Фарид ба ватан парвоз кард. Закия ҳангоми хайрухуш таъин кард, ки дар бораи ӯ ба модараш чизе нагӯяд. Фарид телефон накарда ба ватан омада буд. Аммо омаду падарро дар бистари беморӣ дарёфт. Падар зорӣ карда гуфт, ки «агар хоҳӣ, ки ман аз ту розӣ бимирам, пас зудтар зан бигир, то ман ҳаваси домодии туро бубинам. Вагарна аз ин дунё бо армони зиёд меравам». Фарид хост бигӯяд, ки ӯ аллакай зан дорад, аммо ҳолати падари беморро дида, истиҳола кард. Падар гуфт, ки тақдират бо он дӯстдоштаат набудааст, беҳтараш биё ба ҷияни худам хонадор шав. Фарид ба хотири падар розӣ шуд ба ин тӯйи домодӣ. Арӯс як хеши дури падараш буд. Нозия аз омадани Фарид ба ватан дарак ёфта, умедвор шуд, ки шояд ӯ ба суроғаш биёяд. Ду шабу ду рӯз бедорхобӣ кашида, чашм ба роҳ буд. Аммо аз Фарид хабаре набуд. Он гаҳ ӯ ба худ қавл дод, ки як боракак аз пеши ӯ мегузарад ва дарди дили ӯро мефаҳмад...

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД