formula feb 2025
Лолаи сиёҳ (ҚИСМИ 3)
1402

Нозия ба хона омада, дер вақт ба фикри ҳаммонандаш банд, худро фаромӯш сохт. Ҳеч бовараш намеомад, ки одам ба одами дигар ин қадар монанд бошад. Медонист, ки дугоникҳо монанд мешаванд, аммо ду одами ношинос ин қадар бо ҳам монанд бошанд, надида буд.

Нозия акнун ба хулосае омад, ки сабаби ҷудоиаш бо Фарид ҳамин раққоса аст. Аз байн се рӯз гузашту Закия ба Нозия занг зад. Нозия нишониашро дода, хоҳиш кард, ки ба хонааш биёяд. Закия розӣ шуду ба хонаи Нозия омад. Нозия дид, ки Закия ба сар сатру ба чашмонаш айнаки сиёҳ карда омада буд ва дар ин либос ӯро шинохтан ғайриимкон буд.

- Чаро сатр пӯшидӣ?

- Чунки намехоҳам касе раққоса омад гуфта масхараам кунад.

- Оҳо, дидӣ чӣ қадар дарднок аст ин суханон? Монандии ту маро бадбахт кардааст. Шояд маро аз рӯзам пеш кушад, мефаҳмӣ? Парто охир ин касбатро.

- Наметавонам. Пул даркор аст ба ман. Падарам сахт касал аст.

- Модар дорӣ?

- Доштам, баромада рафт. Падарам бистарӣ аст. Мо дар оила се нафарем. Хоҳаронам ҳоло хурдсоланд. Ба ман пул даркор аст, мефаҳмӣ?

- Мефаҳмам. Аммо ҳайронам ки чаро ту ин қадар шабеҳи ман бошӣ?

- Модарат мабодо бо падари ман шинос набошад,- шӯхикунон гуфт Закия.

- Шояд,- ҷиддӣ ҷавоб дод Нозия ва суханони модарашро ба хотир овард, ки доимо кӣ будани падарашро пинҳон мекард.

Нозия аз хурдӣ яккадухтар буду модар доимо дар кор буд. Падарашро надида буд. Аз модар пурсон мешуд, ки падари ӯ куҷост. Боре модараш гуфт, ки падарат дар ҷанги Афғонистон захмдор шуда мурдааст. Нозия бовар карда гириста буд. Аммо ҳангоми дар синфи даҳум хонданаш ба гӯшаш суҳбати модараш бо як хешашон расид, ки мегуфтанд:

- Шавҳаратро дидем. Занаш боз ду духтар таваллуд кардааст.

- Номашро нагӯед. Безорам.

Нозия давида рафту ба модар гуфт:

- Модарҷон, падарам зинда будаасту ту маро фиреб мекардаӣ.

Аммо модар ба рӯяш шаппотие фароварда, он вақт гуфта буд, ки номи падаратро нагир, вагарна ҳам худамро мекушаму ҳам туро. То имрӯз Нозия намедонист, ки падараш кисту дар куҷо аст. Аммо шабҳо дар хобаш орзу мекард, ки як боракак падарашро ақаллан дар хоб бинад. Вале симои падарро намедонист, ки чӣ гуна асту чикора одам аст. Модар бошад, дар бораи шавҳараш тамоман гап задан намехост. Нозия ба духтарони падардор нигариста, ҳавасаш меомад. Дар тасаввуроташ падараш одами қадбаланди мӯйҷингила буд. Ҳарчанд модараш нақл мекард, ки «падарат дар Афғонистон вафот кардааст», ӯ бовар намекард. Дилаш мегуфт, ки падараш зинда аст.

Ҳамин дам Закия баланд хандида, андешаҳои ӯро пароканда кард.

- Чӣ ин қадар баланд механдӣ?

- Охир, аз дилам яке гузашт, ки мабодо ману ту экизак Гитаву Зита набошем дар ҳақиқат.

- Э нее, ин хел мебуд, раҳматии модарам нақл мекард.

- Модари ман бошад, хеле золим аст. Маро тамоман дӯст намедорад. Фақат падарам дар тарафи ман асту халос. Аммо ӯ ҳам ҳоло нимтана шуда, касалии бистарист. Маҷбурам, ки бо хандаи дурӯғин ишва карда бирақсаму пул кор кунам.

- Ман ҳамон рӯз дидам, ки дар тарабхона раққосони мард ҳам буданд, онҳо чӣ, раққосанд дар асл?

- Оре, мутаассифона, мардҳои зангашта.

- Яъне чӣ хел?

- Э дугона, ту аз ҳама чиз қафо монда будаӣ. О дар тамоми дунё занҳо ҷарроҳии пластикӣ карда, худро мард мекунанду занҳо мард.

- Чӣ тавр? Ман аввалин бор дар ин бора аз ту мефаҳмам.

- Ту ку аз тараққиёт берун будаӣ, дугона. Ин раққосони марди бо ман кор мекардагӣ аслан рафтору хислаташон занона аст. Беҳтараш ту ба ман бигӯ, ки ақаллан аз интернет дарак дорӣ?

- Не, ман умуман ба интернет сарукор надорам.

- Шавҳаршавандаат гуфтӣ, ки туро ба ман монанд карда, аз ту гурехта ба Русия рафтааст?

- Ба фикрам сабаби асосӣ ҳамин аст.

- Канӣ ягон акси шавҳаршавандаатро ба ман нишон те.

- Ана дидӣ, мобайниаш Фариди ман аст.

- Оҳо, хеле ҷавони зебову диданӣ ку. Пулдор аст охир?

- Пулаш ба ман лозим нест. Ба ман худаш бошад, шуд. Интизораш мешавам.

- Ту ба ман рақами телефонашро те, ман сабаби туро партофтанашро мефаҳмам.

- Ҳоло аз Русия занг назадааст. Занг ки зад, гап мезанамат.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД