arzon replenishment
Лолаи сиёҳ (ҚИСМИ 1)
1499

Нозия аз бистари хобаш тарсида бедор шуду аз ҷой бархоста, зери лаб дам ба дам гуфт:

- Астағфуруллоҳ, Худоё, худат нигаҳбон шав. Лолаи сиёҳ дар хоб таъбираш чӣ бошад-а? Чаро рӯйи қабри модарам шабеҳи худам духтареро дидам, ки тақсими дукафон ба ман монанд аст? Худоё, дилам сиёҳ шуд.

Нозия баъди дасту рӯяшро шустан ба назди тиреза омаду гулҳои тубакдонро об дод. Дар зиндагӣ баъд аз модараш ҳамин гулҳо ҳамрозу ҳамдами рӯзҳои танҳоиаш буданд. Ана инаш мехчагул аст, дигараш гули шабу рӯз, савумаш лолаи кӯҳӣ... Аммо чаро лолаи сиёҳро дар хоб дид?

Нозия гулҳоро об доду худ ба Фарид занг зад. Фарид гӯширо хеле дер бардошта, бо овози хира ҷавоб дод:

- Лаббай, тинҷӣ мӣ? Саҳар қатӣ занг задӣ, хоб дидӣ мӣ?

- Ҳа як хоби аҷибе дидам. Ҳам ғамгин шудаму ҳам хурсанд. Нақл кунам?

- Ман ҳоло хоби шабамро нагирифтаам,- Фарид сардакак хайр гуфту гӯширо гузошт.

Нозия гӯшӣ дар даст ҳайрон меистод.

... Аҷабо, одамро ин қадар шинохтан мушкил будааст. Мегуфтанд, ки дар дунё мушкилтарин илм илми одамшиносист, бовар намекардам. Аммо ҳоло рафтори Фаридро, ки солҳои сол мешинохтамаш, дида, ҳайрон мешавам. Чӣ гуноҳ карда бошам? Моҳҳои наздик тӯйи арӯсии ман бо Фарид баргузор хоҳад гашт. Аммо ӯ ким чӣ хел озурдаву парешон аст. Гӯё маҷбурӣ ӯро зан дода истода бошанд. Норозӣ аст ваҷоҳаташ. Чаро?

Нозия ҳарчанд тамоми саҳифаҳои зиндагиашро тагурӯ кунад ҳам, ягон гуноҳашро намеёфт, ки боиси ранҷиши Фарид шуда бошад.

- Охир, ман ӯро дуст медорам, бо тамоми ҳастиам. Муҳаббати ман нисбати ӯ самимист.

Фарид бошад, ин дам баъди гӯширо гузоштан аз бистари хобаш бархосту сигор кашид. Аз дил гузаронд, ки «чӣ тавр ба Нозия фаҳмонам, ки дилам аз ӯ сард гаштааст. Тоқати шунидани масхараи ҷӯраҳоямро надорам». Фарид аз ҷӯраи ҷониаш шунид, ки Нозияро дар тарабхонаи бошукуҳи «Шикорчӣ» бо марди бегона дидааст, ки мерақсад. Фарид медонист, ки ин ҷӯрааш дурӯғ намегӯяд. Аз Нозия пурсон шуд, ки ту дар тарабхонаи “Шикорчӣ” будӣ? Нозия гуфт, ки не, набудам. Аммо боз як ҳамсабақи дигараш хабар овард, ки «арӯсшавандаатро дидем, ки дар як гӯшаи истироҳатии Варзоб хизмати ду-се мансабдорро иҷро мекарду ба ҳайси пешхизмат барои истироҳаташон оварда буданд». Ин хабари шум қалби Фаридро дукафон кард. Сари рашку ғазаб рафта Нозияро куштанӣ буд. Аммо Нозияро сари болини модари дами марг қарордоштааш дарёфт. Барои ҳамин ин гуфтугузорро муддате мавқуф гузошт. Акнун тамоман бо Нозия гап задан намехост. Дишаб як дӯсти дигараш акси Нозияро бо либосҳои аврупоӣ, ки хеле зебанда менамуд, дар тарабхона ҳангоми рақскуниаш гирифта ба ӯ оварда тариқи телефони мобилиаш нишон дод. Фарид аз дидани акси Нозия қариб ки аз ақл бегона гардад. Акнун ният кард, ки баъди маъракаи чили модарашро гузаронидан ба Нозия рӯирост мегӯяд, ки ман туро ба занӣ намегирам. Ё беҳтараш барои ишқи ӯро аз дил баровардан ба муҳоҷират мераваду дигар ӯро ба ёд намеорад. Ин бадтарин ҷазо аст барои Нозия.

Нозия баъди маъракаи чили модарро гузаронидан аз хоҳари Фарид фаҳмид, ки ӯ ба муҳоҷират рафтааст. Ҳайрону озурда аз хоҳарзодаи ӯ пурсид, ки чаро ба ман чизе нагуфт, ҳатто хайрухуш накард?

- Намедонам апа, шояд нахост, ки дили шумо ганда шавад.

... Не... ин ҷо дигар гап аст. Шояд ӯ ба дигаре дил басту маро аз дилаш партофта рафт. Ишқ ҳам баъзе вақтҳо агар самимӣ набошад, куҳна мешавад охир. Баъди марги модарам ин дувумин зарба аст ба ҳаёти ман.

Нозия аз хоҳарзодаи Фарид илтимос кард, ки рақами телефони бародарашро диҳад.

- Апаҷон, ҳоло занг назадааст. Ҳамин ки занг зад, ман мегӯям, ки ба шумо занг занад.

Нозия боз гаштаву баргашта фикр кард, ки чӣ гуноҳ карда бошад...

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД