arzon replenishment
Литва ронандагон ва кафшергарони тоҷикро ба кор даъват мекунад
687

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як эълон дар саҳифаи Телеграми худ муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ба кор дар кишвари Литва даъват намудааст.

Ба иттилои манбаъ, беш аз 20 нафар ронандагони мошинҳои калони боркаш ва ҳудуди 40 нафари дигар аз зумраи кафшергарон (сварщик), барқчиён (электрик) ва сантехникҳо метавонанд тавассути Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ ба Литва сафар намоянд.

Доштани ҳуҷҷати ронандагӣ бо дараҷаҳои С, D, E ва таҷрибаи кории на камтар аз як сол аз шартҳои асосии муҳоҷирати меҳнатӣ ба Литва ба ҳисоб мераванд.

Музди меҳнати ронандагон дар Литва аз 1900 евро болотар буда, дорандагони касбҳои дигар аз 1500 евро бештар маош мегиранд. Муҳоҷирон дар Литва бо манзили зист таъмин карда шуда, ба онҳо иҷозатномаи иқомат - ВНЖ барои ду сол дода мешавад. Доштани диплом ё сертификати касбӣ ҳатмист.

Шахсоне, ки доғи судӣ надоранд ва ронанда, кафшергар, барқчӣ ё сантехник шуда кор мекунанду хоҳиши дар Литва кор кардан доранд, метавонанд ба рақамҳои зерин занг зананд: 225-05-75 ва 225 02 21.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД