Айёми гармо фаро расидааст ва шахс мехоҳад, ки либоси сабуки тобистона ба бар намояд. Мӯдшиносон тавсия медиҳанд, ки дар ин фасл бештар либоси сафед ба бар намоед, зеро он касро аз гармои офтоб хеле хуб муҳофизат мекунад ва ҳамзамон зебанда аст.
Агар мехоҳед, ки дар тобистон зебо ва ҷаззоб ба назар расед, либоси сафед ё либоси ранги ширӣ ба бар намоед. Либоси тобистонаи сафед дар ҳама синну сол хуб ба назар мерасад. Он метавонад занону мардони синну солашон калонро низ ҷаззоб ҷилва диҳад.
Умуман, куртаи сафед либоси классикӣ аст, ки ҳеҷ гоҳ аз мӯд намеравад. Дар рӯзҳои гарм он назар ба либоси сиёҳ, ки нурҳои офтобро ҷалб мекунад, хеле роҳаттар буда, шуморо аз нури офтоб муҳофизат мекунад.
Либоси сафед барои ҳама гуна мавридҳо мувофиқ аст - барои сайругаштҳои ҳаррӯзаи тобистона, барои рафтан ба истироҳату дача, барои кору офис, барои сафар, барои рафтан ба муассиса ва сайругашти боғу гулзор.