arzon replenishment
ЛЕКСУСИ БЕ ПУЛДА БИЁ, БАЧА!
4166


Хариду фурӯши мошин шӯғли аз ҳама дӯстдоштаи аксари ҷавонмардони тоҷик ба ҳисоб меравад. Барои як тоифаи мардон, агар мошин фақат нақлиёт бошад, барои гурӯҳи дигар ин роҳи беҳтарини худнамоӣ аст, зеро дар ҷомеаи муосир ба мард аз маркаи мошинаш баҳо медиҳанд.

Мардони корчаллоне низ ҳастанд, ки мошинро ба як манбаи хуби даромад табдил дода, аз ҳисоби тиҷорати нақлиёт фоида ба даст меоранд, аммо ҳар навъи тиҷорат хавфу хатарҳои худро дорад. Мошинфурӯшҳо низ баъзан ба доми қаллобон афтида, ба қавли маъмул “кидат” мешаванд...


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти чунин як ҷавони фиребгар, ки муфтакак соҳиби “Лексус” гаштааст, хабар медиҳад. Тибқи маълумоти ин манбаъи мӯътамад, ин марди 27-солаи, ки сокини шаҳри Душанбе бо роҳи ҳиллаву найранг ба боварии як ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ даромада, автомашинаи тамғаи “Лексус”-и ӯро аз худ намудааст.

Ин ҷавонмарди маккор худро харидор вонамуд карда, моҳи феврали соли 2019 мошини тамғаи “Лексус”-и сокини ноҳияи Рӯдакиро ба маблағи 15000 доллари амрикоӣ савдо карда мегирад. Қабл аз сари чамбараки “Лексус” нишастан харидор ваъда медиҳад, ки пули мошинро ба зудӣ оварда медиҳад, вале баъди ба мақсад расидан харидори бе инсоф номардӣ карда, мошинфурӯшро “кидат” мекунад ва бе ному нишон ғайб мезанад.

Ин ҷавонмарди фиребгар гумон дошт, ки бо ҳиллаву найранг муфтакак соҳиби мошини қиматбаҳо гаштаасту метавонад бе малол дар сари чамбараки Лексус нишаста, худнамоӣ кунад, вале тираш хок хӯрда, баъди якуним сол ба чанг афтид. Лексуссаворӣ акнун ин харидони қаллобро ба пушти панҷараи зиндон хоҳад бурд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД