Arzon march 2024
«ЛЕКСУС» САРИ МОШИНДУЗДРО ХӮРД            
3036

  Мардуми тоҷик масали хубе дорад: “Асои Худо садо надорад, баъди заданаш даво надорад!” Дар ҳақиқат, ягон амали одамизод аз назари офаридгор пинҳон намемонад. Худованди муттаол ҳамадону ҳамабин буда, аз тамоми рафтору кирдори мо хабардор аст. Ҳар як кори нек ва баде, ки инсон дар зиндагӣ мекунад, ҳатман подош ё ҷазое дар пай дорад.

Некӣ кардӣ мукофоти нек насибат мегардад, вале амалҳои бад касро ба ғазаби Худованд гирифтор намуда, ба сараш фалокат ва балоҳои азимро оварда метавонанд. Ҳодисае, ки ба сари як ҷавони мошиндузд омад, далели равшани ин гуфтаҳост.

Вазорати умури дохилии кишвар аз сар задани садамаи нақлиётии марговар хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, шоми 25-сентябр, тахминан соатҳои 00.30 як ҷавонмарди 32-солаи маҳаллӣ аз макони фурӯши сӯзишворӣ-заправкаи дар деҳаи Ҳаваскор воқеъ гашта, мошини тамғаи Лексусро дуздида рӯ ба гурез ниҳодааст, вале моли дуздӣ ба ӯ насиб накарда, дар роҳ ҷониби шаҳракаи Бобоҷон Ғафуров ба садама гирифтор гаштааст. Мошин чаппагардон шуда, мошиндузд дар натиҷаи ин садамаи хунин захму ҷароҳатҳои зиёде бардошта, дар даруни Лексус ҷон ба ҷонофарин супурд.

Ин ҷавонмарди беандаша, агар ба моли каси дигар чашм ало карда, даст ба дуздӣ намезад, шояд ба фалокат гирифтор намешуд ва оғӯши хоки сард манзилаш намегашт, аммо як амали норавои ӯ риштаи умри ҷавонашро ба таври фоҷиавӣ барканда, хонаашро мотамсарову фарзандонашро ятим гардонд. Оқибати бадӣ албатта ҳамин аст. Зиндагии орому осоишта мехоста бошед, худро аз гуноҳ ва амалҳои бад дур гирифта, ҳамеша дар талаби ризқи ҳалол бошед, то шуморо дар ҳарду олам сарбаланд ва саодатманд гардонад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД