arzon replenishment
Латофат Каримова: Мардро мард мекардагӣ миёнбанд аст!
2708

Рамзи мардонагӣ


Миёнбанд, ки дар байни мардуми мо бештар бо номи рӯймол машҳур аст, як ҷузъи фарҳанги кӯҳанбунёди либоспӯшии тоҷикона ба шумор меравад. Дар замонҳои қадим, аниқтараш то зуҳури Ҳукумати Шӯравӣ ва ҳатто дар солҳои аввали СССР тамоми мардони тоҷику ӯзбек миёнашонро ҳатман бо рӯймол маҳкам баста мегаштанд. Миёнбанд он замонҳо як навъ разми мардонагӣ ба шумор мерафт, вале...

миёнбанд-1

 


Васвасаи мӯд


Замона дигар шуда, натанҳо тарзи зиндагӣ, балки нигоҳи одамон ба сару либос низ тағйир ёфт. Бо мурури замон тарзи либспӯшии мардони тоҷик комилан дигаргун шуда, натанҳо ҷинси латиф, балки намояндагони ҷинси зариф низ ба мардуми Аврупо тақлидкунон либоси аврупоӣ мепӯшидагӣ шуданд. Аввал шиму костюм ҷойи ҷомаю миёнбандро гирифт, баъдтар ҷинсу пӯстин мӯд шуд ва ҳамин тавр оҳиста-оҳиста либоси миллии мардона ба олами фаромӯшӣ рафт, аммо...


Об агар садпора гардад...


Медонед асолати фарҳанги миллӣ дар чӣ зуҳур меёбад? Дар ҷовидонагиаш! Бале, он метавонед кӯҳна шавад, аз мӯд барояд, вале ҳеҷ гоҳ ба пуррагӣ завол ёфта, ба олами нестӣ намеравад, зеро шахсони бо нангу оре ҳастанд, ки ҳатто хурдтарин ҷузъиёти фарҳанги миллии худро чун гавҳараки чашмонашон эҳтиёт карда, барои фаромӯш нашудан ва зинда мондани он талош меварданд. Миёнбанд низ ҳарчанд ба қавли маъруф кайҳо аз мӯд баромада бошад ҳам, фаромӯш нашудааст. Қариб дар тамоми минтақаҳои оҷикистон мардон дар маросимҳои азо ва ҳатто баъзан дар тӯю маъракаҳо ҷомаю тоқӣ пӯшида, миёнашонро миёнбанд мебанданд, зеро мард маҳз бо тоҷию миёнбандаш аз зан фарқ мекунад.


Зане, ки ба мардон нерӯи мардӣ мебахшад!

миёнбанд-2


Дар деҳаи Обҷувози шаҳри Истаравшан сафи ҳунармандоне, ки миёнбанд ё рӯймоли мардона медӯзанд, хеле зиёд мебошад ва Латофат Каримова яке аз он бонувони ҳунармандест, ки бо мӯъҷизаи дастони пурҳунараш ба мардон нерӯи мардонагӣ мебахшад. Ин зани гулдаст 41-сол дошта, зиёда аз 20 сол боз бо рӯймолдӯзӣ машғул аст. Ӯ ин касби нозукро аз модараш, Ибодат Эгамова омӯхтааст.


Модар чи гуна, духтар намуна


"Ҳанӯз хурд будам, ки модарам сари сандалӣ менишастанду моро дар гирдашон ҷамъ карда, ин ҳунарро меомӯзониданд. Он кас ҳамеша таъкид мекарданд, ки одами соҳибҳунар дар дунё ҳеҷ гоҳ хор намешавад”-бачагиашро ба ёд оварда, қисса мекунад Латофат Каримова.
Ба гуфти ин зани ҳунарманд рӯймолдӯзӣ ба назари аввал як кори содаву осон намояд ҳам, дар асл душвориҳои ба худ хос дорад ва на ҳар кас ин ҳунарро бо тамоми нозукиҳояш аз худ карда метавонад.


Ҳунари дастӣ бе харидор намемонад


Имрӯзҳо рушди техникаю технология то ондозае кори рӯймолдӯзонро осон намудааст, вале талабот ба рӯймолҳои дастдӯзд бештар аст.
“Рӯймоле, ки бо даст дӯхта мешавад, заҳмати бисёре мехоҳад. Барои дӯхтани як рӯймоли мардона камаш 2-3 рӯз вақт сарф мешавад, лекин талабот ба рӯймоли дастдӯз зиёдтар аст ва аз ҳамин хотир мо беҳтар ба дӯхтани рӯймолҳои дастӣ машғул мешавем"-мегӯяд апаи Латофат.


Ҳунар сарҳад надорад


Беҳуда намегӯянд, ки ҳунар миллату нажод ва сарҳаду марз надорад, рӯймолҳои дӯхтаи Латофат Каримова то Русия, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон расидаанд. Дар дохили кишвар бошад, бештар харидорон аз шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд, Қӯрғонтеппаву Шаҳритуз дарашро кӯфта, рӯймолҳои хушдӯхт ва зебои ин зани панҷ панҷаша ҳунарро харидорӣ менамоянд.


Навъҳои миёнбанди мардона


-Рӯймолҳои миёнбанди мардона ба назар якхела наоянд ҳам, дар асл навъ ва намудҳои гуногун доранд: торкашнусха, шириннусха, занҷиранусха, сандуқчанусха, моҳинусха, кирмакнусха, сеобагӣ, рангадӯзӣ, торшумур...”-рӯймолҳои дӯхтаашро як-як ба мо нишон дода, қисса мекунад апаи Латофат.
Назар ба гуфти ин зани ҳунарманд ҳар гуле, ки дар рӯймол дӯхта мешавад, бо номгӯи нусха бояд мувофиқ бошад.


Ҳунар аз нуқраю туллову зар беҳ!


Дар бозори шаҳри Истаравшан намудҳои ҳунарҳои мардумӣ хеле зиёданд. Аз ин рӯ ҳар навъи ҳунар дар растаҳои махсус ба фурӯш гузошта шудааст. Латофат Каримова баробари дӯхтани рӯймолҳои гуногун, дар бозор фурӯши онро низ ба зимма дорад.
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД