Вазорати умуми дохилии кишвар аз сар задани як ҳодисаи куштор дар ноҳияи Восеъ хабар додааст.
Тавре ки манбаъ мегӯяд, шоми 10-сентябр, тахминан соатҳои 18.00 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Раҷабови ноҳияи Восеъ байни як марди 34-сола ва ҷавони 29-солаи сокини ҷамоати мазкур баҳсу мунозира сар зада, баъдан дар пайи ин моҷаро занозанӣ ба миён омадааст. Марди 34-сола рақибашро бераҳмона лату кӯб намуда, дар натиҷа ҷавони 29-сола бар асари зарбаҳои хӯрдааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Гумонбар аз сӯйи кормандони мақомоти милитсия дасгир шуда, айни замон тафтишоти сабабҳои ин муноқишаи хунин идома дорад.
Ф. Сатторӣ