Вақтҳои охир дар ҷомеаи мо ҳодисаҳои нохуши барои ҳар як майда-чӯйда аз гиребони якдигар гирифтану қасди ҷони ҳамдигар намудани ҷавонон хеле зиёд рӯй медиҳанд, ки ин аз костагии ахлоқ ва аз байн рафтани ҳисси раҳму шафқат далолат менамояд. Чанд рӯз қабл дар ноҳияи Ҳамадонии Вилояти Хатлон боз як куштори ваҳшиёна сар зад.
Вазорати корҳои дохили Тоҷикистон аз боздошти як ҷавони 28-сола бо иттиҳоми одамкушӣ хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, гумонбар санаи 11-март, тахминан соатҳои 20.20 дақиқа дар назди бинои истиқоматиашон бо як ҷавони 22-сола муноқиша намуда, дар рафти ин моҷаро ба қафаси синаи рақибаш ду маротиба корд задааст. Ҷабрдида бар асари захмҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҷавони муштзӯр, ки боиси ҳалокати як инсон гашт, аллакай аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир шуда, барои дамкушӣ алайҳи ӯ бо моддаи 104-и Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфтааст.
Тафтишоти қазия имода дорад ва дар сурати исбот шудани гуноҳаш ин ҷавони хунгарм чанд соли умрашро дар паси панҷараи зиндон сипарӣ хоҳад кард.