Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҷумҳурӣ аз 26 то 27-уми декабри соли 2024 номусоидии обу ҳаво, аз ҷумла набудани шамол ва боришот, афзоиши дамои ҳаво, вуруди ҳавои ғуборолуд аз манотиқи ҷанубу ғарбӣ сабаби ҷамъ шудани олудагиҳо дар ҳаво мегардад.
- Ҳамаи ин падидаҳо боиси олудагии ҳаво дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо зарраҳои андозаи то 2,5 микрон ва 10 микрон мегардад,- меафзояд манбаъ.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳаолаҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки бештар ба нафарони гирифтори бемориҳои дил, диабети қанд ва гипертония таваҷҷуҳ намоянд.
Ҳамзамон, КҲФ ба аҳолӣ чанд тавсия медиҳад:
1. Бештар оби тоза нӯшед, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз хубтар.
2. То ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед. Агар шумо мехоҳед ҳавои хонаро тоза кунед, пас бидонед, ки бадтарин лаҳзаҳо соатҳои аввали субҳанд, вақте ҳамаи модаҳои муаллақи хатарнок ба нишаст ба замин мутамарказ мешаванд. Наздик ба нисфирӯзӣ қисмати болоии замин гарм мешавад ва зери таъсири ҳавои гарм ин модаҳои муаллақ боло мераванд. Ғайр аз ин шумо метавонед тирезаҳои худро бо дока ва ё тур бипӯшед ва хатари вуруди ҳар гуна моддаи хатарнок кам мешавад. Аммо ҳамвора онҳоро бояд намнок нигоҳ доред.
3. Ҳамешаву пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш накунед.
4. Духтурон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд.