Маҳсулоти лозима:
Нони сахт (як кулча), 1 пиёз, 100 г панир, 500 г гӯшти қима, 1 тухм, мурч
равғани зайтун.
Тарзи таҳия:
Нони хушкро тар кунед. Пиёзро чоркунҷа ва панирро чоркунҷаи хурд-хурд реза кунед. Гӯшти қимаро бо тухм, нони ҷабидашуда, намак, мурч, панири реза омехта карда лӯлачаҳо созед. Дар тоба ду қошуқ равғани зайтунро тасфонида, дар он муддати 12-15 дақиқа котлетаҳоро пазед.
Хӯриш бо моҳӣ
Маҳсулоти лозима:
1 бонка озодмоҳӣ (горбушка), 1/3 истакон биринҷ, 2 тухм, 1-2 сабзӣ,
1 бодиринг, 3-4 барги пиёзи сабз, майонез.
Тарзи таҳия:
Сабзиро дар об пухта чоркунҷа реза кунед. Биринҷро пухта хунук кунонед. Бодирингро чоркунҷа реза кунед. Пиёзи сабзро маҳин реза кунед. Тухмҳоро дар об пухта, реза кунед. Моҳиро бо чангак лат занед. Моҳӣ, сабзӣ, биринҷ, бодиринг, тухм, пиёзро якҷоя бо майонез омехта, мувофиқи табъ намак кунед.
Қандина аз бисквит
Маҳсулоти лозима:
3 тухм, 80 г шакар, 75 г орд, кунҷит, мураббо.
Тарзи таҳия:
Сафедиҳои тухмро аз зардияш ҷудо карда, сафедиро сахт лат зада истода шакарро кам-кам илова кунед. Сипас зардиҳоро яктогӣ андозеду дигар лат назанед. Дар охир ордро нағзакак омехта, хамирро бо қошуқ ё халтачаи қаннодӣ ба лаълии тафдон, ки қаблан коғази пергамент тунук шудааст, рехта, кунҷит пошида пазед. Баъди хунук шуданаш ба қандина ҷем ё мураббо молед.