Костюм аз мӯйлаб
21.09.2025
Oila.tj
297

Дар Австралия костюме аз мӯйлаб омода шуд, ки ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид гардид.

Ин лоиҳа бо номи Mo-Hair Suit аз ҷониби ширкати маъруфи либоси мардона POLITIX бо ҳамкории рассом Памела Клеманн-Пасси ва агентии эҷодии Bullfrog роҳандозӣ гардид. Костюм соли 2021 бахшида ба маъракаи байналмилалии Movember омода шуд, ки ҳадафаш баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи мушкилоти саломатии мардон, аз ҷумла саратони простата, саратони тухмдон ва мушкилоти равонӣ мебошад. Памела Клеманн-Пасси, ки ҳамсарашро аз ин бемориҳо аз даст дода буд, ин тарҳро на танҳо барои рекорд, балки ҳамчун паёми шахсӣ ва иҷтимоӣ омода кард.

Барои омодасозии костюм садҳо мардон мӯйҳои мӯйлабашонро ба ҳайси хайрия фиристоданд. Қисми боқимонда аз ҷониби Sustainable Salons - як ташаббуси иҷтимоӣ, ки мӯйҳои буридашударо дубора истифода мебарад, ҷамъ оварда шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД