Гулноза аз ҳавлӣ берун шуд. Борони майӣ мисли сел мерехт, гӯё осмон ҳам ба ҳоли ин ишқи ятим мегирист. Дар назди дарвоза Фирдавс истода буд. Либоси домодиаш аз борон тар шуда, ба танаш часпида буд ва ӯ як муҷассамаи дардро мемонд.
Онҳо рӯ ба рӯ истоданд. Ягон садое набуд, танҳо садои борон ва тапиши ду дили шикаста.
Фирдавс даст ба девор ниҳод, гӯё қуввати истодан надошт.
- Гулноза,- гуфт ӯ бо овозе, ки аз гиряи гулӯгир базӯр мебаромад,- ман аз ин соат баъд дигар намехандам. Ман зан мегирам, аммо ҳеҷ гоҳ шавҳар намешавам. Ман падар мешавам, аммо рӯҳи ман ҳамеша дар назди ту хоҳад монд. Маро ҳамчун як мурдаи зинда қабул кун.
Модарам ки бачаам, агар ҳамин духтари тағоятро нагирӣ, шири сафедамро намебахшам ва рӯи маро дигар дар ду дунё намебинӣ. Ман чӣ кор кунам? Диламро қурбони модарам кунам ё модарамро қурбони дилам?
Гулноза ба чашмони сабзи ӯ, ки акнун ранги хазонро гирифта буданд, нигариста, ҷавоб дод:
- Фирдавс, ман меравам. Аммо бидон, ки аз ин пас ҳар боре борон борад, ман ба ёди ин рӯз мемирам. Ту ба хотири модарат маро куштӣ, ман бошам, ба хотири ту худамро ба дасти тақдири номаълум месупорам. Хонаи ишқи мо сӯхт, акнун дар хокистараш умр ба сар мебарем.
- Гулноза, бовар кун, ман аз ин соат баъд ҷасади зиндаам. Ин тӯй не, ин маросими дафни ишқи мост. Маро бубахш, агар тавонӣ.
Гулноза бидуни сухане гашту рафт. Дар гӯшаш садои ҳофиз меомад:
Ту ёри нав гирифтӣ, азизам,
Бикун бовар, дигар рашке надорам.
Гулноза ба хонаашон баргашт, аммо дигар он духтари шӯху хандон набуд. Ӯ ба хотири падару модар ба шавҳар баромад, соҳиби се писар шуд, вале дар тӯли бист сол ҳар гоҳ, ки борон меборид, рӯи ҳавлии Фирдавс ва он садои наҳси карнай пеши чашмаш меомад. Шавҳараш бар асари сактаи дил вафот кард ва Гулноза боз бо танҳоӣ ва хотираҳои сӯзон монд.
Пас аз солҳои зиёд бо Мавзуна вохӯрд. Мавзуна бо садое, ки аз умқи дард мебаромад, гуфт:
- Фирдавс ҳеҷ гоҳ он занро дӯст надошт. Танҳо панҷ сол тоқат карду халос. Модарам пас аз ҳаждаҳ рӯзи тӯй вафот кард ва Фирдавс то имрӯз худро қотили хушбахтии худ меҳисобад. Ӯ ба Русия рафт. Он ҷо мағозае кушодааст бо номи Гулноза. Номи ягона духтарашро ҳам Гулноза гузошт. Ӯ ҳар шаб бо акси ту, ки дар курси чорум гирифта будӣ, дарди дил мекунад.
Гулноза бо талхӣ пурсид:
- Акнун ин ба кӣ лозим? Бист соли умрам дар ҳасрат гузашт. Номи ман дар лаби ӯ чӣ фоида дорад, вақте худам дар канораш нестам?
- Ӯ метарсад, Гулноза. Метарсад, ки агар ба наздат ояд, ту ӯро барои номардӣ ва сустиаш намебахшӣ.
Ҳоло Гулноза дар намозҳояш танҳо як хоҳиш дорад: Худоё, агар дар ин дунёи бевафо насиби мо ҷудоӣ ва ҳасрат буд, дар он дунё моро бар оғӯши ҳам бирасон. Бигзор он ҷо дигар ягон модар ба хотири расму русум қалби фарзандашро хокистар накунад.
Ишқи онҳо мисли китобе буд, ки дар саҳифаи аввалаш бо хун навишта шуда буд: Ба висол нарасидан - ҷовидон мондан аст.
Дар фазо гӯё акси садои он ҳофизи дерина меомад, аммо ин дафъа бо оҳанги дигар:
Мо дар ин дунё ба ҳам ноошно рафтем, дареғ,
Дар қиёмат, дар канори ҳам ҷавон хоҳем шуд.
Ин анҷоми қиссаи ду қалбе буд, ки дар оташи расму русум сӯхтанд, аммо хокистарашон то абад бӯи муҳаббати пок хоҳад дод. Хонаи ишқашон дар ин ҷаҳон сӯхт, вале дар он дунё қасри бошукӯҳе барои рӯҳҳои танҳояшон бино гардид.
Ишқ чист, агар сӯхтан набошад? Ва зиндагӣ чист, агар дар интизори дидори дубораи рӯҳҳо нагузарад?
Гулноза аз ҷой бархост ва бо қадамҳои вазнин сӯи хонаи хомӯши худ рафт, дар ҳоле ки дилаш ҳанӯз дар он баҳори курси чорум монда буд.
Шаҳлои НАҶМИДДИН