Arzon march 2024
Кош зан намегирифтам! (ҚИСМИ 2)
2123

Ҳавои моҳи август ҳарорати гармии хешро ҳеҷ не, ки паст кунад. Ба шохсорони дарахтони ҳавлӣ нигариста, аз гузаштаи умри худ ёд мекардам.

Дарахтон ҳамин, ки фасли баҳор мешуд, ғарқи шонаю гул мешуданд. Ман бехи ҳар кадоми онҳоро нарм мекардаму Субҳия - ҳамсари аввалам бо сатилҳо дарахтонро об медод. Чӣ қадар бо шавқу завқи беандоза кор мекардем. Дар таги сояи онҳо соатҳо нишаста, бо ҳамдигар розу ниёз мекардем. Аммо пас аз ҷудоӣ акнун нигоҳубини ин дарахтон ба дӯши худам вогузор шудааст.

- Мардак, фақат аз ман мегурезӣ, биё ба ягон корам ёрӣ деҳ, ҳозир ана мана нагуфта, бегоҳӣ мешавад,- гуфтани ҳамсарам маро аз олами андешаҳо раҳоӣ бахшид.

- Чӣ кор кунам?

- Гӯштро аз яхдон гирифта, ақаллан реза кун!

Ба сӯи яхдон қадам мегузоштам, ки телефонам аз хонаи дигар занг зад.

- Алло,- телефонро аз сими барқ канда, мутаваҷҷеҳ шудам ба муштарии зангзананда.

- Язна созӣ, зодрӯзат муборак бошад!,- меомад аз гӯшак садои қайсингилам.

- Меҳрӣ, ин туӣ?

- Ҳо, язна, апаам дар наздат? Гӯшакро намедиҳӣ?

- Ҳозир, як дақиқа,- телефонро бурда ба ҳамсарам додам.

- Кӣ аст?,- телефонро аз дастам гирифта, пурсид занак.

- Хоҳарат Меҳрӣ!

Ҳамсарам машғули суҳбат бо хоҳараш, ман табақи гӯштро гирифта, ба ошхона гузаштам. Ягон даҳ-понздаҳ дақиқа нагузашта, ҳамсарам бо рангу рӯи парида наздам омад.

- Мардак, ту шавҳари манӣ ё аз каси дигар?

- Боз чӣ гап шуд?,- пурсидам ҳайрон шуда.

- Ин Субҳия боз паёмак равон кардааст ку!

- Хайр чӣ, бо зодрӯзам табрик кардааст, кори ганда кардааст?

- Ман аз рӯзи аввали заношӯӣ нагуфтам бо ӯ робита накун!?,- ҳамсарам дар ҳоле, ки дар оташи рашку ҳасад месӯхт, дод мезад ба ман.

- Ман аз ӯ ҷудоям, робита ҳам надорам, чаро ин қадар талхакафӣ, хайр як паём барои рӯзи таваллудам равон кардааст,- фаҳмондам ба занак.

- То шамол нашавад, дарахт намеҷунбад, ин дафъа фаҳмам, телефонатро майда-майда мекунам!

- Биё мон, зодрӯзамро заҳри танам накун!

Аслан сабаби бадбинии ҳамсарам нисбати зани пештараам як албоми суратҳо буд, ки дар сандуқи хонаам маҳфуз нигоҳ медоштам. Рӯзе сандуқро кушода, хост як либос ба маросими хурсандии холааш гирад, ки албоми суратҳоро дида, онҳоро тамошо кард. Дар расмҳо Субҳияи зебо, бо табассуми ширин чандин акс бо ман гирифта буд. Албомро тамошо карду хост онро бурда, ба оташи танӯр партояд, аммо “ин ёдгорӣ аз зиндагии аввалаам” гуфта, ман намондам. Ана аз ҳамон вақт дар қалби занак оташи рашку ҳасад аланга мезанад.

Пас аз соате хоҳари ҳамсарам Меҳрӣ барои ёрӣ расонидани апааш омад.

- Язна, ба сиву чор даромадӣ, Худованд сад соли дигар умрат диҳад,- мегуфт табассумкунон Меҳрӣ ба ман.

- Раҳмат, ба шумо низ Худованд бахти сафед диҳад,- таманно кардам ба қайсингилам.

Бегоҳӣ меҳмонҳои олиқадри мо - хусуру хушдоман, ҷиянчаҳо Хусраву Неъмат расида омаданд. Ғайр аз ҳамсарам ҳама чеҳраи болида доштанд.

- Духтарам, чаро табъат гирифта, магар нотобӣ?,- пурсид модараш аз занам.

- Не, хубам, каме монда шудам, мегузарад!,- ба пурсиши модар хандида ҷавоб дод.

- Айби домод, ки дар чунин зиёфатҳо ба занаш ёрӣ намедиҳад!,-суханҳои ҳамсару духтарашро об дода, гуфт хусурам.

Меҳмонҳо то соати 12-и шаб нишастанд. Хушдоманам ба дару девори пурнақшу нигори хона нигариста, ба ману духтараш маслиҳатҳои хуби оилавӣ медод.

- Духтарам, бин чӣ қадар хонаҳои барҳаво, тозаю озода дорӣ. Шавҳарат низ инсони хуб аст. Якдигарро ҳурмату эҳтиром кунед. Вақте мебинем шумо хушбахтед, мо низ хурсанд мешавем,- ба духтараш мегуфт хушдоманам.

Раҷабалӣ ФАЙЗУЛЛОЕВ

Кошонаи “Шаҳло”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД