Formula september
Кош зан намегирифтам! (ҚИСМИ 1)
4384

Соати ҳафти пагоҳӣ ба телефонам паёмак омад: "Рӯзи таваллудат муборак бошад! Бо эҳтироми самимӣ Субҳия”. Паёмакро хонда, хурсанд шудам. Субҳия маро ба рӯзи мавлудам табрик кардааст. Маълум мешавад, ки дар муҳоҷират бошад ҳам, маро то ҳол фаромӯш накардааст. Ба соати ирсоли паёмак дида медӯхтам, ки ҳамсарам болои сарам пайдо шуд.

- Мардак, имрӯз рӯзи таваллудат, тайёрӣ бинем, бегоҳӣ падару модарам шояд ҳамроҳи ҷиянҳо биёянд?,- пурсид ҳамсарам.

- Хайр, ягон хӯроки хубтар пазед!,- пешниҳод кардам ба занак.

- Дар яхдон ғайр аз ду-се дона маскаи яхнӣ дигар чизе нест, гӯшт ҳам тамом шудаст, чӣ хӯрок пазам?

- Шуд, фаҳмидам, ҳозир дар ҳамин каллаи саҳар бозор меравам, қассобҳо гӯшти "свежий" меоранд,- табассум карда, гуфтам ба калони хона.

- Мурам дар ин мардаки аҳли фаҳм, бо як ишора таги гапро мефаҳмад,- занак хандакунон ба сари борхалта рафт.

- Ҳа, қариб фаромӯш кунам, бодирингу помидор, мурчу зираро низ фаромӯш накунед,- вақти аз ҳавлӣ баромадан ишора кард кадбонуи хона.

“Зани дуюм зан не, як офати ҷон”,- сӯи бозор кадамзанон меандешидам дар дил. Аз рӯзе, ки бо ӯ хонадор шудам, ҳолам ҳамин. Ҳамин ки ягон санаи таърихиро дар оила ҷашн гирем, ҳамсарам тамоми авлодашро даъват мекунад. Хайрият ҳамин қонуни танзим баромаду ташкилию ҷашнҳои оилавӣ камтар шуданд.

Бо ҳамин андешаҳо ба бозор расидам. Пагоҳӣ бошад ҳам, растаҳои бозор камодам. Соҳибкорону тоҷирон акнун дӯконҳои худро кушода, ба тиҷорат сар мекарданд. Варақаи тартибдодаи занакро хонда, ҳамаи навиштаҳояшро харида, ба хона омадам.

Ягон соат истироҳат доштам, ки аз ошхона садои ҳамсарам баромад:

- Мардак, шалпарият баромад, биё паҳлуи ман, ақаллан доначаҳои сиёҳро аз даруни биринҷ тоза кун!

- Занак, ҳамон биринҷи сабилмондаро мекунем тоза, ҳоло то бегоҳ ҳафт соат вақт аст,- аз кумакпурсии ҳамсарам асабӣ шуда, гуфтам ба ӯ.

- О, ин мардакма як гап занам, даҳ ҷавобам медиҳад, хайр шуд, шуд, шишта дами беғам бигир, имрӯз зодрӯз дорӣ!

Занам машғули кору бори худ, ман ба паёмаки фиристодаи ҳамсари аввалаам дида дӯхтам: "Рӯзи таваллудат муборак бошад!".

Дар ин навиштаҳо чӣ қадар муҳаббат, чӣ қадар самимият аст. Субҳия ҳоло куҷо бошад, дар муҳоҷират ба чӣ кору бор машғул аст, бароям номаълум. Ҳамин қадар бароям аён аст, ки баъди оиладор шудан ҳам маро фаромӯш накардааст. Ишқи аввал ҳеҷ гоҳ аз хотирҳо фаромӯш намешавад.

Субҳия духтари ботамкин, камгап ва дар гуфтор бомулоҳиза буд. Нигоҳи чашмонаш бинандаро ба худ мафтун мекард. Ҳафт сол ҳамроҳаш зиндагӣ кардам, дар як болин сар мондам, аммо аз вай ягон сухани дағале нашунида будам. Модарам мегуфт, ин зани ту санги вазнинест, ки обаш намебарад. Ана ҳамин рафтори хубаш маро водор месохт, ки ӯро ҳамчун ҳамсари вафодор дӯст дорам ва ҳурмату эҳтиром намоям. Аммо зиндагӣ қонунҳои нонавиштаи худро дорад, ки баъзан инсонҳои муҳаббатпешаю вафодорро аз ҳам ҷудо мекунад.

Телефонро дар қувваи барқ монда, ба саҳни ҳавлӣ баромадам. Майнаҳо дар чойлоби ангури ҳавлӣ нишаста, ба серӣ ангур мехӯрданд. Бо садои баланд ҳуштак кашида, онҳоро пеш кардам.

Раҷабалӣ ФАЙЗУЛЛОЕВ

Кошонаи “Шаҳло”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД