Arzon march 2024
Коронавирус шоири забардастро аз байн бурд
2527

Як рӯз қабл шоири забардаст, ҳақиқатгӯ, шахсияти нотакрор, Муҳмммадалии Аҷамӣ аз бемории коронавирус ин дунёро падруд гуфт. 
Исмоил Зарифӣ дар саҳифаи шахсии худ дар фейсбук аз марги нобаҳангоми шоир аввалиншуда хабар дод. "Хабари марги шоири шаҳир МУҲАММАДАЛЛИИ АҶАМӢ бароям ногаҳонӣ ва хеле ҷонгудоз аст. Дар ин моҳи рамазон дуо мекунем, ки ҷояшон ҷаннат бошад."- навиштааст Исмоил Зарифӣ дар саҳифаи расмии худ. Мавсуф чанд намуна шеърҳои шоири азизи аҳли эҷодро овардаанд:

ДУЗДИ ҚИСМАТ

 

Донам, надорад ин фалак парвои шеъри ман,
Бошам ман аз барои ӯ як марди ёвагӯ.
Суде намерасад бар ӯ аз шеърҳои ман,ъшгар шеъру шоъирии ман туф кардааст, ӯ.

 

Ман ҳам гузаштам аз ҳама савдои чархи дун,
Туф кардаам чу шоъири Тӯсӣ бар ин фалак.
Буду набудро ҳама барбод додаам,
Танҳо на ман шикастадил бошам дар ин фалак.

 

Ман дузди қисмати худам, дигар маро бубахш,
Ҳарчӣ бигуфтам, ин ҳамон афсонаасту бас.
Поёни хайр дорад, ин андӯҳи синасӯз,
Дилро дигар ту дил магӯ, девонаасту бас.

 

Худро ба дор мезанам, дар пойи шеъри худ,
Дилро сиёҳ мекунад, шайтони ин ҳавас.
Як шеър монда дар дилам, чун охирин умед,
Як шеър монда дар дилам, чун охирин нафас.

 

ОРЗУ

 

Бихоҳам баргҳои дарди худро,
Бирезам чун дарахтони сари роҳ.
Дилам холӣ шавад аз ғурбату ғам,
Дилам холӣ шавад аз ҳасрату оҳ.

 

Баҳорон сабз гардам бори дигар,
Бишӯяд резаборонҳо сарамро.
Бигирям дар таҳи борони найсон,
Набинад ҳеҷ кас чашми тарамро.

 

Агарчи хандаҳое дар лабам ҳаст,
Вале дорам, басе дарди ниҳонӣ.
Ки ман ҳам чун дарахтони сари роҳ,
Табарҳо хӯрдаам дар зиндагонӣ.

 

ДУРДИ ҲАСРАТ

 

Тамоми зиндагиям,
Дурди талхи ҳасратҳост.
Ин дурдро танҳо
Ба хотири ангури чашмҳоят
Дӯст медорам.
Агар
Ангури чашмҳоят набуд,
Ин пиёларо
Бе диранг
Бар санг мезадам...

 

САҲМИ ИШҚ

 

Бигзор
Сода бошам,
Мисли садои об,
Мисли як лабханди мусофир,
Вақти убур
Аз хиёбони ташвишҳо.
Мисли наққошии як кӯдак,
Дар
Сукути печидаи рангҳо,
Мисли каломи меҳровар...
Ҳақ бо туст,
Ман дарнамеёбам,
Тақвими
Зиндагии инсони муосир
Дар чанд фасл
Тақсим мешавад.
Ин фаҳм,
Аз дарки ман дур аст.
Аммо,
Бовар кун,
Дар ин ҳама суитафоҳум
Саҳми худро,
Аз ишқ хоҳам гирифт.
Бигзор сода бошам...

 

ШОИР ВА ИШҚ

 

Вақте ҳарф-ҳарф
Чашмҳоятро наққошӣ мекунам,
Осмонро хубтар мефаҳмам.
Вақте калима-калима
Гандумзори гесувонатро
Ғазал мебофам,
Ҳазрати Одамро мефаҳмам,
Чаро аз биҳишти адн
Бар замин
Бадрақа шуд.
Вақте дар самои дастҳоят
Порсоиро гиребон медарам,
Тамоми бекарон дар ман мечархад...
Ишқ аз овозҳои дур
Маро ба худ мехонад.
Ишқ тоза шурӯъ мешавад,
Вақте...

 

МУҲТОҶ

 

Ҳеҷ кас
Чун ман
Ба дастҳои ту
Муҳтоҷ нест.
Дастҳоятро аз ман бармагир.
Бидуни дастҳои ту
Дар партгоҳи замон
Сарнагун
Хоҳам рафт.

 

ТАНҲО ДАСТҲОИ ТУ

 

Танҳо
Дастҳои ту
Дар ин парешониҳо
Маро
Ба навозиш мешиносад.

 

Танҳо
Дастҳои ту
Дар ин номеҳрубониҳо
Маро
Ба меҳрубонӣ мехонад.

 

Дар тариқати
Дастҳои ту
Ба камол расидааам
Ва ишқро шинохтаам.
Агар
Дастҳои ту набуд,
Ин ҳама
Рӯзҳои пуч, беранг
Ба чӣ кор меомад?

 

ГУЛИ МАҲТОБ

 

Чаро чашми туро бовар накардам?
Чаро испанд дар миҷмар накардам?

 

Чаро бо шишаҳо розе нагуфтам?
Шароби шавқ дар соғар накардам.

 

Шабе пурсидамат аз ширмаҳтоб,
Гули маҳтобро пар-пар накардам.

 

Нишастам бар мазори орзуҳо,
Ба ашке бедҳоро тар накардам.

 

Қалам бигрифтаму аз худ гузаштам,
Қалам, таслими зӯру зар накардам.

 

Ду чашми ту пули рангинкамоне буд,
Чаро чашми туро бовар накардам.

 

АЗ КАВСАРИ ЧАШМОНАТ

 

Менӯшаму менӯшам аз кавсари чашмонат,
Мехушкаму мерӯям, дар печаки дастонат.

 

Бӯсидаму бӯйидам, нолидаму хандидам,
Имшаб чӣ намозе буд, дар каъбаи имонат.

 

Печидаму печидам, чархидаму чархидам,
Бо ёди ту афтодам, чун кушта ба майдонат.

 

Чашмони сиёҳи ту лабрези дубайтиҳост,
Нав гашта ғазалҳоям, дар сояи мижгонат.

 

Гум гаштаму гум гаштам, он қадр, ки хум гаштам,
Хам гашта қади сад хум, аз хам-хами зулфонат.

 

То ҳастаму то ҳастӣ, то мастаму то мастӣ,
Менӯшаму менӯшам аз кавсари чашмонат.

 

ИН ШАҲРИ САБЗ

 

То шеъри чашмҳои ту тафсир мешавад,
Ҷонам пур аз ҷалолати тасвир мешавад.

 

Аз парда то бурун шавад, он моҳи рӯи ту,
Ойина дар ҳавои рухат пир мешавад.

 

Сад бор зинда гардаму сад бор ҷон диҳам,
То ишқи ту катибаи тақдир мешавад.

 

Иқлими гесувони ту аз обу хок нест,
Ин шаҳри сабз бе ту чӣ дилгир мешавад.

 

Дар хоби ман ҳамеша гули ёс мешавӣ,
Ин хоби ман, бигӯ, ки чӣ тадбир мешавад?

 

Лабрез аз каромати шеър аст ҷони ман,
То шеъри чашмҳои ту тафсир мешавад.

 

ДАР ЛАВҲИ ДИЛ

 

Такрор чӣ зебост, агар номи ту бошад,
Мазмуни ду олам ҳама дар номи ту бошад.

 

Шерози ғазал мешавам аз нози хаёлат,
Шодобтар аз атри саҳар номи ту бошад.

 

Тӯфони хабар мавҷ занад, дар ҳама дунё,
Дар ин ҳама беҳуда, хабар номи ту бошад.

 

Садбор, агар хок шавам, боз бирӯям,
Дар лавҳи дил, эй шавқи назар номи ту бошад.

 

Ҳеҷ аст балоҳои раҳи ишқ ба ошиқ,
Вақте ки раҳоварди сафар номи ту бошад.

 

Такрор шавад ҳар чӣ, зи худ ранг бибозад,
Такрор чӣ зебост, агар номи ту бошад.

 

НАЗРИ МАРДУМ

 

Агар дар шаби ғам табассум накардам,
Даме риштаи меҳрро гум накардам.

 

Чу пойиз тай шуд баҳорони умрам,
Зимистон шуду фикри ҳезум накардам.

 

Агарчанд дардошнойи шумоям,
Ба ҷуз бо дили худ такаллум накардам.

 

Ду чашмат биҳишти ҷавонии ман буд,
Ман аз худсарӣ қасди гандум накардам.

 

Магар, моҳҳо ёри соқӣ набудам,
Магар, солҳо хидмати хум накардам.

 

Чӣ мехоҳӣ, эй ишқ, дигар зи ҷонам,
Диламро магар назри мардум накардам.

 

ДАРАХТИ ДИН

 

Меваҳои куфр сар зад аз дарахти дини мо,
Бутшикан марде намеояд зи Ҳинду Чини мо.

 

Дар самоъи майкашон масте чунин мехонд дӯш,
Боданӯшӣ аввалин шарт аст дар ойини мо.

 

Кист, то моро бихонад сӯйи худ аз рӯйи меҳр,
Бӯйи сад исфанд дорад субҳи фарвардини мо.

 

Нимашаб дасти дуо бар осмон бардоштем,
Пас чаро аз хок болотар нарафт омини мо?

 

Сарзаминам чун Сиёвуш аз дили оташ гузашт,
Сарбаландӣ мечакад аз соғари таскини мо.

 

Гарчи умре тинати сабзи биҳиштӣ доштем,
Меваҳои куфр сар зад аз дарахти дини мо.

 

ОЙИНАВУ ОБ

 

Ман, ойинаву об хоҳам, дигар ҳеч,
Сабӯҳиву мизроб хоҳам, дигар ҳеч.

 

Дар ин шаб, шаби меҳрубонӣ, шаби ишқ,
Чаканпӯши Маҳтоб хоҳам, дигар ҳеч.

 

Дилам баски, бигрифт аз хам-хами чарх,
Хами зулфи пуртоб хоҳам, дигар ҳеч.

 

Малулам, аз ин пастакон, гар биёӣ,
Баландии Варзоб хоҳам, дигар ҳеч.

 

Ало, шайхи гандум, ало ҳазрати хум,
Ҳамон бодаи ноб хоҳам, дигар ҳеч.

 

Сафар, ҳамсафар то фаросӯи ишқ аст,
Ман ойинаву об хоҳам, дигар ҳеч.

 

ДИДОР

 

Тариқат расму ойин аст, медонам,
Дуо то ҳаст, омин аст, медонам.

 

Ғазалҳоям чунон мушки Хутан хушбӯст,
Агарчи мушк мушкин аст, медонам.

 

Мақоми дил зи аршу фарш болотар,
На аз Ҳинду на аз Чин аст, медонам.

 

Ҳазор асрор дорад Бесутуни ишқ,
Ғами Фаҳод Ширин аст, медонам.

 

Ба даври ишқ мечархад ҳама ҳастӣ,
Хати ҳастӣ ҳама ин аст, медонам.

 

Ба дидори ту рӯзе мерасам, эй ишқ,
Тариқат расму ойин аст, медонам.

 

ДУ-СЕ РАТЛЕ…

 

Ду- се ҳарфе, биё, аз ӯ бихонем,
Ду-се ратле, биё, ҳу- ҳу бихонем.

 

Ишорат мекунад моҳи нав имшаб,
Ду- се саҷда хами абрӯ бихонем.

 

Намози шукр бигзорем якчанд,
Ду байт аз машриқи гесӯ бихонем.

 

Ба тарзи худ ҳама муштоқи маъшуқ,
Ба тарзи худ ҳама ку-ку бихонем.

 

Чӣ фарқе мекунад, аҳли куҷоем,
Биё, аз шаш тараф сӯ-сӯ бихонем.

 

Ҳар он кӣ дил биҷӯяд, ҳамдили мост,
Ду- се ҳарфе, биё, аз ӯ бихонем.

 

ҲАСРАТИ ШАМШОДҲО

 

Боз ҳам фарёдҳо дар синаам,
Хор- хори ёдҳо дар синаам.

 

Омадам боз аз фаросӯи ғазал,
Ҳой-ҳойи бодҳо дар синаам.

 

Омадам аз боғҳои сабзи ишқ,
Ҳасрати шамшодҳо дар синаам.

 

Ҷуръа-ҷуръа он қадар ғам хӯрдаам,
Ғурбати хурдодҳо дар синаам.

 

Зиндагӣ чун зулфи ту печидааст,
Печ-печи додҳо дар синаам.

 

Боз ҳам дар худ шукуфтам, эй баҳор,
Боз ҳам фарёдҳо дар синаам.

 

ИМРӮЗ

 

Осмон, осмонтар аст имрӯз,
Зиндагӣ меҳрубонтар аст имрӯз.

 

Чашмҳоят ба ман чунин мегуфт,
Бекарон, бекаронтар аст имрӯз.

 

Ишқро дастҳои ту медонад,
Рӯҳи пирам ҷавонтар аст имрӯз.

 

Домани боғ интизори мост,
Боғ ҳам гулфишонтар аст имрӯз.

 

Ишқро чун ҳамеша муштоқам,
Шеърҳоям равонтар аст имрӯз.

 

Бо ту будан камоли хушбахтист,
Осмон, осмонтар аст имрӯз.

 

РАНГ ДАР РАНГ

 

Эй дили мурда, баҳор аст, дигар зинда бишав,
Сарву шамшод ба бор аст, дигар зинда бишав.

 

Ранг дар ранг бинозад чаман аз раҳмати абр,
Шаш тараф нақшу нигор аст, дигар зинда бишав.

 

Чанд пажмурдаву афсурда кашӣ заҷру хумор,
Фурсати рафъи хумор аст, дигар зинда бишав.

 

Ба канор он ҳама ахбори ҷаҳонро бигузор,
Хабар аз бӯсу канор аст, дигар зинда бишав.

 

Шоири қофияҳо, чанд ғазал хонӣ ба ҳеч,
Ғазал он қомати ёр аст, дигар зинда бишав.

 

Оҳ, тарсам, ки аз ин роз ба ғафлат гузарӣ,
Эй дили мурда, баҳор аст, дигар зинда бишав.

 

ШЕЪР БИХОН

 

Шеър бихон, шеър, ғами дил фузуд,
Ҷони ман, аз чуну чароҳо чӣ суд.

 

Аз фалаку аз малак Одам баланд,
Чист дигар, қиссаи буду набуд?!

 

Зоҳиди мағрур ба як нози ёр,
Боз дари майкадаҳоро кушуд.

 

Фалсафа мебофт, яке пири ишқ,
Гуфт:- Бирав, барканад ин тору пуд.

 

Ин ҳама дастор муборак туро,
Бода бикаш, нест дили мо ҳасуд.

 

Ишқ ба ҳақ дар ду ҷаҳон раҳмат аст,
Шеър бихон, шеър, ғами дил фузуд.

 

ҶОНИ ҶАҲОН

 

Ҷаҳон ҷисм аст агар, ҷони ҷаҳонам,
Ҷаҳон фонист агар, ман ҷовидонам.

 

Чӣ суд аз ин ҳама чуну чароҳо,
Ҳама ишқам, чунинам ё чунонам.

 

Шабе саршор аз ҷоми тариқат,
Шабе саршор аз зулфи бутонам.

 

Ба ирфони шукуфтанҳо расидам,
«Ҳазорон арғувонро арвуғонам».

 

Гаронбор омадам, нанҳодам аммо
Ба дӯши ину он бори гаронам.

 

Малоик аз вуҷудам дар шигифт аст,
Ҷаҳон ҷисм аст агар, ҷони ҷаҳонам.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД