Корхонаҳои Русия аз норасоии
муҳоҷирони меҳнатӣ азият мекашанд
Зиёда аз 50%-и ширкату корхонаҳои Русия, ки аз қувваи кории хориҷӣ истифода мебаранд, наметавонанд шумораи зарурии муҳоҷирони меҳнатиро ба кор ҷабл намоянд. Зимни як назарпурсӣ, ки онро hh.ru ва Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи саноат ва соҳибкорӣ дар ин кишвар гузаронидаанд, зиёда аз нисфи корхонаҳо бо норасоии қувваи корӣ рӯ ба рӯ гаштанашонро тасдиқ намудаанд. Дар ин бора газетаи «Коммерсант» хабар додааст.
Тавре ки манбаъ менависад, тибқи натиҷаи назарпурсӣ имрӯз 53% корхонаҳои Россия бо мушкили норасоии қувваи корӣ рӯ ба рӯ гашта, 46%-и пурсидашудагон то андозае қонеъ будани худро аз рафти ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба кор баён кардаанд. Зимни назарпурсӣ 56%-и корхонаҳо сабаби норасоии қувваи кории хориҷиро ба набудани муттахассисони зарурӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ рабт додаанд,
38% ширкатҳо гуфтаанд, ки муҳоҷирон аз имтиҳони забони русӣ намегузаранд, зеро вақте ки барояшон дода мешавад, хеле кӯтоҳ аст. 20% корхонаҳои Русия аз манъ шудани қабули муҳоҷирони меҳнатӣ ба кор дар аксари соҳаҳо норозигӣ баён кардаанд.
Таъкид шудааст, ки Русия то имрӯз наметавонад дар масъалаи ҷабли қувваи корӣ аз хориҷӣ кишвар ба нишондодҳои давраи то Ковид-19 бирасад. Дар соли 2023 шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия 3,5 миллионро ташкил кардааст, ки ин рақам нисбат ба соли 2019 қариб 1 млн камтар мебошад.