Sebiston new 2024 october
КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - КАФОЛАТИ ҲИМОЯИ ДАВЛАТИИ ОИЛА
06.11.2023
ОИЛА
792

 

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиларо чун асоси ҷамъият эътироф намуда, таҳти ҳимояи давлат қарор додааст.

Зеро оила дар заминаи муносибатҳои никоҳии зану мард ба миён омада, асоси ҷомеаро ташкил дода, дар худшиносии миллӣ, ташаккули давлатдорӣ, таълиму тарбияи навли наврас дар руҳи ватандӯстиву эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, қадршиносии урфу одат ва расму оинҳои миллӣ нақши муҳимро мебозад.

Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: ”Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва якдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд”.

Мутобиқи талаботи моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад.

Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳӣ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар тамоми масъалаҳои оиладорӣ зану шавҳар баробарҳуқуқанд.
Қонунгузории Тоҷикистон бисёрникоҳиро манъ намудааст.

Аз муҳтавои меъёри мазкур бармеояд, ки ҳар шахси ба синни никоҳӣ расида ҳуқуқ дорад оила барпо намояд, яъне озодона ақди никоҳ бандад. Синни никоҳӣ дар кишвар аз ҳаждаҳсолагӣ муқаррар карда шудааст, ки ба саршавии қобилияти пурраи амалкунии шаҳрванд мувофиқат мекунад.

Ақди никоҳ дар мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба расмият дароварда мешавад, бинобар он издивоҷкунандагон шартҳои бастани ақди никоҳро, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оила ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» пешбинӣ гардидааст, бояд ҳатман риоя намоянд.
Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 10 Кодекси оилаи ҶТ ақди никоҳ дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ баста мешавад.

Асоси қайди давлатии никоҳ аризаи якҷояи издивоҷкунандагон бо мақсади барпо намудани оила ва бастани ақди никоҳ мебошад. Пас аз як моҳ дар мақомоти САҲШ ақди никоҳ ба расмият дароварда мешавад ва ин муҳлат ба издивоҷкунандагон имконият медиҳад, ки андеша намоянд, ки дар ҳақиқат мақсади барпо намудани оила ва ҳамзистии якҷояро доранд ё не. Ҳамзамон, кормандони масъули мақомоти САҲШ бояд аз рӯи иҷрои вазифаҳои хизматиашон муайян намоянд, ки оё барои бастани ақди никоҳ ягон монеа ё ҳолатҳои шубҳаовар ҷой дорад ё не ва аризаи тарафҳо воқеӣ аст ё не, санҷида, баъдан ақди никоҳро ба қайди давлатӣ гиранд.

Пас аз ба қайди давлатӣ гирифта шудани ақди никоҳ ба онҳо шаҳодатнома дода мешавад ва аз рӯзи ба қайди давлатӣ гирифтани ақди никоҳ зану шавҳар ҳуқуқу уҳдадориҳои баробари шахсӣ ва молу мулкиро доро мешаванд.

Қонунгузории оила ҳолатҳоеро, ки монеаи бастани ақди никоҳ мегарданд пешбинӣ намудааст. Тибқи талаботи қонуни мазкур , ақди никоҳ байни байни шахсоне, ки яке аз онҳо дар никоҳи дигари ба қайдгирифташуда қарор дошта бошад; байни хешовандони наздик; байни бародарону хоҳарони айнӣ ва ӯгай; байни фарзандони бародарон, хоҳарон, бародару хоҳар; байни тағо ва ҷиян, амак ва бародарзода, хола ва хоҳарзода, амма ва ҷиян; байни шахсоне, ки аз як зан шир макидаанд; байни шахсоне, ки аз муоинаи тиббии ҳатмӣ нагузаштаанд; байни фарзандхондагон ва фарзандхондшудагон; байни шахсоне, ки суд яке аз онҳоро бо сабаби бемории рӯҳӣ ё сустақлиаш (ноқисулақл) ғайри қобили амал эътироф кардааст; байни шахсоне, ки суд қобилияти амали яке аз онҳоро бо сабаби суиистеъмол намудан аз машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ё дигар моддаҳои мадҳушкунанда маҳдуд намудааст, манъ аст.

Ҳамзамон, қобили қайд аст, ки ташкил кардани оилаи солим, таъсири бемориҳо ба зан ё шавҳар ва саломатии насл, машварату маслиҳат оид ба масъалаҳои тиббию генетикӣ, банақшагирии оила дар қонунгузории оила муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда ба танзим дароварда шудааст.

Агар яке аз тарафҳо ба бемории венерикӣ ё Вируси норасоии масунияти одам ва бемории муҳассали норасоии масуният, ВИЧ-инфексия мубтало буданашро аз зан ё шавҳари ояндааш пинҳон кунад, он гоҳ тарафи дигар ҳуқуқ дорад дар бораи беэътибор донистани ақди никоҳ ба суд муроҷиат намояд. Ғайр аз ин, барои чунин кирдор ҷавобгарии ҷиноятӣ тибқи моддаҳои 125-126 Кодекси ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин, дар ҳолатҳои зарурӣ қонунгузорӣ кам кардани синни никоҳиро низ муқаррар намудааст. Бо ҳалномаи суд синни никоҳии барои марду зан муқарраршуда дар асоси аризаи шахсони никоҳшаванда танҳо ҳангоми ҷой доштани ҳолатҳои истисноӣ кам карда мешавад. Гарчанде ҳолатҳои истисноиро дар муносибатҳои оилавӣ қонун пешбинӣ накарда бошад ҳам, таҷрибаҳои судӣ нишон медиҳанд, ки беморӣ, пиронсолӣ, ҳолати моддӣ, ҳомиладорӣ ва ғайра ҳолатҳо, ҳолатҳои истисноӣ дониста мешаванд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии бастани никоҳ ва ҳам бекор кардани онро кафолат додааст, яъне ҳуқуқи зану шавҳарро барои бекор кардани ақди никоҳ кафолат дода, иродаи озоди зану шавҳарро дар мавриди аввал гузоштааст.

Қонунгузории кишвар никоҳи тибқи урфу одатҳои шаръӣ басташударо эътироф намекунад. Яке аз нишонаҳои ақди никоҳ ин якканикоҳӣ буда, тибқи талаботи моддаи 170 Кодекси ҷиноятӣ барои дузанагӣ ё серзанагӣ, яъне бо ду ё якчанд зан зиндагӣ кардан бо пешбарии хоҷагии умумӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст, ки аломати асосии ҷиноят бо ду ва ё зиёда зан бо пешбурди хоҷагии умумӣ зиндагӣ кардан мебошад, он қатъиян манъ аст.

Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ оиларо таҳти ҳимоя қарор дода, нисбати модару кӯдак ғамхорӣ намуда, ҳамзамон барои дастгирии оилаҳо кӯмаки иҷтимоӣ менамояд, дастрас ва ройгон будани таҳсил дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ба кӯдакон, кафолати додани рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуди кӯдак ба заноне, ки бо корфармо дар асоси шартномаи меҳнатӣ фаъолият доранд, кафолати иҷтимоӣ ҳангоми пиронсолӣ ва бекорӣ, табобати ройгон ва ғайра масъалаҳоро вобаста ба дастгирии иҷтимоии оила ба танзим даровардааст.

Ҳолатҳои мазкур яке аз вазифаҳои асосии давлат ин ҳимоя ва дастгирии оила мебошад.
Тибқи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор қабул накардани шахсони синнашон аз ҳаждаҳ хурд, ки аз ҳисоби квотаи муқарраргардида ба кор фиристода шудаанд, занони ҳомила ва заноне, ки кӯдакони то сесола доранд, бо сабаби ҳомила ва ё кӯдак доштани онҳо ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад. Инчунин, ба кори шабона ҷалб намудани занон, шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ ва ноболиғон манъ аст.

Давомнокии вақти кории кӯтоҳкардашуда ба кормандоне, ки ба синни ҳаждаҳ нарасидаанд ва занон муқаррар карда шуда, ҷалби занон ва ноболиғон дар рӯзҳои истироҳат ба кор, дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок истифодаи меҳнати занон манъ аст. Инчунин, корфармо ҳуқуқ надорад занони ҳомиларо ба кори шабона, кор дар рӯзҳои истироҳат ва ид ғайрикорӣ, изофакорӣ ҷалб намояд, ба сафари хизматӣ фиристонад, инчунин онҳоро аз рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда бозхонд намояд ва бе розигии хаттии онҳо ба кори шабона, изофакорӣ ва ба кор бо усули вахтавӣ ҷалб намояд, ба сафари хизматӣ фиристад ва ғайра кафолатҳоро пешбинӣ намудааст.

Ҳамзамон, қайд намудан ба маврид аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул будани падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои таъмини падару модарро муқаррар намудааст. Падару модар бояд нисбати фарзандон ғамхорӣ намуда, барои инкишофи мӯътадил ва тарбияи ҳамаҷонибаи фарзанд кӯшанд, зеро ин вазифа маҳз пеш аз ҳама ба зиммаи падару модар гузошта шудааст ва онҳо манфиати фарзандонро ҳимоя намоянд ва инчунин аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ нисбати фарзандон масъуланд. Бинобар он, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз ҷумла санади муҳим аст, ки хусусияту моҳияти иҷтимоиву маънавӣ дорад ва дар таълиму тарбияи маънавии фарзандон нақши муҳим мебозад. Зеро маҳз дар муҳити оила фарзандон метавонанд ба таври муътадил тарбия ва ташаккул ёбанд.

Қонунгузории оила масъулияти баробари падару модарро нисбати фарзандон ба танзим дарвардааст. Ин мазмунан баробарӣ дар таъмин ва тарбия, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои фарзандон, татбиқи ҳуқуқи уҳдадориҳои падару модар, инчунин татбиқи ҳуқуқи уҳдадориҳои падар ё модаре, ки аз фарзанд ҷудо зиндагӣ менамояд ифода меёбад, яъне падару модар дар иҷрои уҳдадориҳо вобаста ба тарбия, таъмин ва ғайра нисбати фарзандон баробаранд.

Ҳамин тавр, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳими оиларо дар ҷомеа ба эътибор гирифта, ба устувории оилаҳо, ҳавасмандгардонии занон, ҳимояи манфиатҳои ҳамаи аъзои оила, аз ҷумла зану шавҳар, модару кӯдак, муҳайё кардани шароитҳо вобаста ба амалишавии пурраи ҳуқуқи оилавӣ кафолат дода, мустаҳкам намудан ва инкишофи муносибатҳои муътадили оилавиро дар мадди аввал қарор додааст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД