Чанд рӯз қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои давр мезанад, ки дар он гурӯҳи одамон ҷамъ омада, ба қавле “базм” намуда истодаанд.
Вокуниш ва сару садоҳо дар мавриди видеои мазкур миёни истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд ба чашм мерасид, ки ҳар кадоме дар зери шарҳ андешаҳои худро навиштанд: "Наход хонаи Худоро ба базму кансерт табдил дода бошанд?”, "масҷидро ҳам усал кардаанд".
Назари зиёди мардум моро водор кард, ки барои донистани ҳақиқати ҳол ба раиси деҳаи Навдии ноҳияи Рашт занг зада, андешаашро пурсон шавем.
Раиси деҳаи Навдӣ гарчанд ному насабашро зикр накард, вале назари хешро чунин ифода намуд: “Консерт дар масҷид не, дар чойхонаи деҳа буд. Шахсе, ки навор карда буд, айни замон дастгир карда шудааст, мардум осуда бошед, зеро хонаи худоро касе ба базму тараб иваз накардааст”.
Ҳодиса аслан санаи 22.07.2021 дар деҳаи Навдии ноҳияи Рашт барои ҳавасманд кунии ҷавонон мисли чорабиниҳои “Марз-2021” баргузор карда шуда буд. Баъзмро дар чойхонаи деҳа баргузор карда буданд, қайд намуд раиси деҳаи мазкур.
Мавзуф ҳамчунин илова кард, ки аз сабабе, ки чорабини дар сатҳи ҷумҳуриявӣ буд, бисёр ҷавонон ба базмгоҳ даъват шуда буданд. Барои зиёд кардани шавқу рағбати ҷавонон базм ташкил карданд, то ки ҷавонон ба чунин чорабиниҳо ҳавасманд шаванд.Бештари одамон ба ин бовар карда дар байни худ бисёр баҳс карданд. Ҳатто зилзилае, ки санаи 25.07.2021 дар ноҳияи Рашт ба амал омад, онро ба ҳамин ҳодиса рабт дода истодаанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки бино дар ҳақиқат ба Масҷид монанди дорад, аммо дар навор дида мешавад, ки дар деволҳо суратҳои одамон овезон буданд, ки аз рӯи ягон мазҳаб ба дохили масҷид кашол кардани суртҳо иҷозат дода нашудааст.