Конфронси байналмилалии "Стандарти ягонаи таҳсилоти тиҷоратии Тоҷикистон"
49

Дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ таҳти унвони "Стандарти ягонаи таҳсилоти тиҷоратии Тоҷикистон" доир гардид. Чорабинӣ дар бинои Амонатбонк баргузор гашта, дар он намояндагони сохторҳои давлатӣ, мутахассисони соҳаи иқтисод, олимон, соҳибкорон, коршиносон, таҳлилгарон ва меҳмонон аз кишварҳои хориҷӣ иштирок доштанд.

Ҳадафи асосии конфронс баррасии зарурати воридсозии стандарти ягонаи бизнес-таҳсилот дар Тоҷикистон, таҳияи заминаи меъёри ягона барои тайёр кардани мутахассисони соҳибкасб, баланд бардоштани рақобатпазирии бозор ва муттаҳидсозии низоми таълими иқтисодӣ тибқи талаботи ҷаҳони муосир буд.

Бизнес-стандарт - нуқтаи нави рушди иқтисодии Тоҷикистон, рақамикунонӣ - қадами муҳим дар омодасозии насли нав, омӯзиши асосҳои соҳибкорӣ ва тиҷорат аз синни мактабӣ ва нақши сарпарастон дар рушди таълимоти тиҷоратӣ аз мавзуҳои асосии конфронс буданд.

Мутахассисони соҳибтаҷриба нуқтаи назари худро вобаста ба механизмҳои таъсирбахши татбиқи стандарти ягона баён намуда, аҳамияти ҳамкорӣ миёни давлат, бизнес-сохторҳо ва низоми таълимро таъкид карданд.

Иштирокчиёни конфронс аз ҷумла чунин пешниҳодҳо намуданд:

1. Таъсиси модели ягонаи бизнес-стандарти миллӣ;

2. Рушди барномаҳои таълимӣ аз мактаб то донишгоҳ;

3. Ҷорӣ намудани платформаи доимии ҳамкорӣ миёни давлат, бозори кор ва муассисаҳои таълимӣ;

4. Густариши барномаҳои сармоягузорӣ;

5. Рақамикунонӣ ва омодасозии насли нави мутахассисон.

Дар фарҷоми чорабинӣ резолютсияи конфронс қабул гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД