arzon replenishment
Комилҷони Зариф: Дуои неки модар тӯмори бахти фарзанд аст!
560


Комилҷон Зариф аз ҷумлаи сарояндагони ҷавон ва боистеъдоди тоҷик мебошад, ки меҳри санъату ҳунар бо шири модар дар рагҳои ҷонаш ҷорӣ гаштааст.

Комилҷон маҳорати сарояндагиро аз падараш-ҳунарманди машҳур ва маҳбуби тоҷик Қобилҷон Зарипов ба мерос гирифта бошад ҳам, дар ин ҷода роҳу равияи худро пайдо намуда, ҳамакнун мухлисони зиёде дорад.

Дар Рӯзи Модар Комилҷон Зарипов ба кӣ чӣ туҳфа мекунад?

Дар арафаи иди бонувон мо сари ин мавзӯъ бо ин ҷавони ҳунарманд сӯҳбати ҷолибе оростем, ки фишурдаи онро манзури шумо месозем.

-Дар иди бонувон туҳфаи нахустинро шумо ба кӣ тақдим мекунед?

 

-Албатта ба модарам! Барои ман ҳар рӯз рӯзи модар аст, аҳ ҳамин хотир кӯшиш мекунам, ки натанҳо дар рӯзи ид, балки тез-тез бо ҳар баҳона ба модарам чизе туҳфа карда, хотирашонро шод гардонам ва дуои некашонро бигирам. Беҳуда нагуфтаанд:

Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

Бехобиҳое, ки модар барои калон кардану ба воя расонидани фарзанд мекашад, фарзанд тамоми умр хизмат намояд ҳам, подоши онро дода наметавонад.

-Ба модаратон чиҳо туҳфа мекунед?

-Ҳамаи зару зевар ва молу чизи дунё пеши хоки пои модар арзише надорад, вале барои падару модар ҳурмату эҳтиром ва як сухани неки фарзанд беҳтарин тӯҳфа аст. Набояд фарзанд интизор шавад, ки кай рӯзи ид фаро мерасаду бад тӯҳфа кунад. Вақте ҳар субҳ ба модару падар занг зада аҳволпурсӣ мекунӣ ва дуои неки онҳоро мегирӣ, ҳамин худаш беҳтаринт ҳадя баҳри онҳост. Дуои неки модар тӯмори бахти фарзанд аст.

-Сурудҳои шуморо модаратон гӯш мекунанд?

-Ҳар як суруде, ки ман эҷод мекунам, аввал падару модарам гӯш мекунанд. Агар ба онҳо мақул шаваду аз имтиҳони онҳо гузарад, баъд он сурудро пешкаши мухлисону ҳаводорон месозам.

-Дар баробари дигар тӯҳфаҳо имсол дар Рӯзи Модар ба модаратон ягон суруди нав тӯҳфа мекунед?

-Бале, айни ҳол болои суруди навам дар васфи модар кор карда истодаам ва ҳатман онроаввал пешкаши модарҷони азизам, баъд манзури мухлисони савту наво мегардонем. Дар нақша дорам, ки баҳри падарони бузург низ як таронаи пурмаъно сароям.

-Таманниёти шумо барои бонувони тоҷик дар рӯзи ид?

-Ман ба кулли модарону бонувони тоҷик пеш аз ҳама сиҳативу саломатӣ ва умри дарози бобаракат орзу мекунам. Худо кунад, ки ҳамаи модарон даврони пирӣ ронанду соябони сари фарзандон бошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД