arzon replenishment
Комёбии устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
928


Аълохон Бобозода, омӯзгори факултети технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон байни таҳқиқотчиёни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сазовори ҷоизаи «Беҳтарин муҳаққиқ–2023» гаштааст.

Ин омӯзгори ҷавон ва ҷӯянда бо пешниҳоди мақолаи илмӣ байни иштирокчиёни зиёде аз муассисаҳои мамолики аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба чунин комёбӣ сазовор гаштааст.

Ба ин муносибат аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба Аълохон Бобозода медали «Беҳтарин муҳаққиқ—2023», Дипломи дараҷаи l, нишони сарисинагӣ ва шаҳодатнома супорида шуд.

Ёдрас мешавем, ки озмун моҳи ноябри соли 2023 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон байни мутахассисони муассисаҳои илмӣ-таълимии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гашта, дар он аз тамоми муассисаҳои илмӣ-таълимии давлатҳои ИДМ намояндагон тариқи онлайн иштирок намуданд.

Аълохон Бобозода дар ин озмун Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро намояндагӣ карда ба гирифтани мақоми аввал мушарраф гашт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» дар такя ба шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи донишгоҳи мазкур хабар додааст.

Бобозода ҳамзамон узви «Лигаи зиёиён» International Committee on Intellectual cooperation (ICIC) -и Академияи илмҳои табиии Русия ва дорандаи медал ва Сертификати бузургдошти Леонардо да Винчи мебошад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД