formula55
Комёбии ҷудокори ҷавони тоҷик
679


Аз 16 то 18 феврали соли равон дар ҷумҳурии Озорбойҷон мусобиқаи Baku Grand Slam 2024 баргузор гардида, Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 12 варзишгарон-8 мард ва 4 нафар зан намояндагӣ карданд.

Абубакр Шеров дар ин мусобиқа дар вазни то 73 кг баромад карда бар ҷудокорони давлатҳои Руминия, Гурҷистон, АМА ва Канада дастболо ва сазовори медали нуқра гашт.

Кишвари моро 5 ҷудокори дигари тоҷик Умедҷон Раҷабов (-90кг), Сомонӣ Кишваров(-90кг),Ҷаҳонгир Маҷидов(-100кг),Мансур Раҳмон (+100кг) ва Шакармамад Мирмамадов (+100кг) намояндаги карда бошанд ҳам, натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда натавонистанд.

Ҳамин тавр мусобиқаи “Baku Grand Slam-2024” барои ҷудокорони тоҷик бо медали нуқраи Абӯбакр Шеров ба анҷом расид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД