Сокини 74-солаи Канада Жан-Ги Лакерр бузургтарин коллексияи ҷаҳон аз туҳфаҳо ва ёдгориҳо бо тасвири Санта-Клаусро ҷамъоварӣ намудааст. Теъдоди онҳо беш аз 25 ҳазор ададро ташкил медиҳад.
Аввалин туҳфаи ӯ соли 1988 пайдо шудааст, замоне ки аммааш ба ӯ як ҳайкалчаи кӯҳнаи Санта-Клаусро ҳадя кард. Аз ҳамон вақт инҷониб ӯ ҷамъовариро қатъ накарда, ин шавқро «сантафилия» меномад.
Дар коллексияи Лакерр аллакай 2 360 ҳайкалча, 2 846 корту откритка аз 33 иёлат, 1 312 салфетка, 241 тугмача мавҷуд аст. Қаблан ин рекорд ба як зани сокини Техас тааллуқ дошт, ки бо 1 039 Санта-Клаус дар тӯли 30 сол пешсаф буд, то он ки марди канадоӣ рекордро шикаст дод.