Бо ташаббуси Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо мақсади мусоидат ба ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон - муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия аз 25- ноябри соли 2023 қабули шаҳрвандон барои расонидани кӯмакҳои ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешавад.
Қабули шаҳрвандон ҳар рӯзи шанбе аз соати 10:00 то 15:00 дар кӯчаи 2-юми Тверская-Ямская хонаи 40/3, утоқи 302 сурат мегирад. Шаҳрвандоне, ки парвандаҳои маъмурии шаҳрвандӣ ё ҷиноӣ доранд, метавонанд ба ҳуқуқшиносони Шӯрои ҷамъиятӣ муроҷиат намоянд.
Суроға: шаҳри Москва, кӯчаи 2-юми Тверская-Ямская хонаи 40/3, утоқи 302, метро Маякоская (баромадгоҳи 1)
Телефон: +79264626201