Arzon march 2024
Кӯлоб: "Мо ҳама метавонем чемпион шавем!"
3038
Кӯлоб: "Мо ҳама метавонем чемпион шавем!"

 

Ба муносибати 16-рӯз мубориза алайҳи зӯроварӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Фестивали кӯдакона зери шиори "Мо ҳама метавонем чемпион шавем"бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва мақомоти шаҳри Кӯлоб чорабинии тантанавӣ баргузор гашт.

IMG_0653

Дар ин чорабинӣ расмҳои офаридаи иштирокчиён, ки девори варзишгоҳи “Равшан”-и Кӯлобро оро медод, бозгӯкунандаи ҳолатҳои зӯроварӣ ва хушнуат дар оила буда, ба 16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат, ки ҳамасола аз 25 ноябр то 10 декабр дар саросараи ҷаҳон қайд карда мешавад, бахшида шудааст.

Ташкилотҳои ЮНИСЕФ, СБМ, ФАО ва Созмони Занони Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади тавонмандсозии оилаҳое, ки дар Тоҷикистонанду яке аз узви оилаашонро дар муҳоҷирати меҳнатӣ аз даст додаанд, фаъолият мекунанд.

IMG_0616

Ин созмонҳо ба занон ва кӯдакони муҳоҷирони меҳнатии гумшуда имкон медиҳанд, ки аз хизматрасониҳои равонию иҷтимоӣ самаранок истифода баранд ва роҳҳои ба даст овардани даромад ва ҳуқуқҳои инсониро омӯзонанд.

IMG_0610

«Расмҳое, ки мо имрӯз якҷоя мекашем, инъикоскунандаи оилаҳое, ки дар мушкилиҳои зиндагӣ танҳо ва бекумаккунанда монда буданд, мебошад. Мо мехоҳем барои ҳар як кӯдак рангҳои дурахшон, умед, ҷаҳони бидуни зӯровариро эҳдо намоем," қайд кард ҷаноби Усома Маккавӣ Хогалӣ , Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон.

IMG_0589

Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки мо якҷоя бо кӯдакон паёми муҳимеро мерасонем, ки ҳамаи мо метавонем қаҳрамон шавем.

IMG_0576

Фестивале, ки баргузор гашт, барои баланд бардоштани рӯҳияи кӯдаконе, ки худашонро бо набудани падар ё модар танҳо ҳис мекунанд ё волидайнашон ба муҳоҷират рафтаанду барои таъмини зиндагӣ кор мекунанд ва ҳолати равониашон хуб нест, мусоидат мекунад. Бо кӯдакони ҳар ҷинс, муошират кардан, вақтхушӣ кардан, дастгирии ҳамдигар ва рушди маҳорати онҳо амали хубест, гуфт Кристина Георге Транка, раҳбари намояндагии СБМ.

IMG_0602

Барои омода кардани тасвирҳо махсусан варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб интихоб гардид, зеро дар майдонҳои варзишӣ занону духтарон худро тавонманду устувор ҳис карда, бо ин васила фароҳам овардани баробарии гендерӣ мусоидат кунад.

IMG_0589

Ҳар як оила ҳуқуқ дорад, ки барои ҳалли мушкилоташ ҳимоягар дошта бошад, то ин ки тавонад, аз имкониятҳо, малакаҳо, захираҳо ва дастгирӣ барои таъмини ҳамгироии иқтисодии худ истифода баранд. Дар баробари ин, имкониятҳое, ки истифода мебаранд, тавонанд ба воситаи он масъалаҳои зӯровариро дар атрофи худ ва ҷомеа бо беҳтар намудани дастрасӣ ва огоҳӣ аз хизматрасониҳои асосӣ баррасӣ намоянд.

 IMG_0610

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД