35 years of independency
Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба ҷудо мегардад
14.10.2026
Oila.tj
123

Рӯзҳои 17-18-уми октябри соли 2026 дар шаҳри Кӯлоб Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷудо баргузор мегардад. Дар ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ беҳтарин ҷудокорони кишвар барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ ва ҷойҳои ифтихорӣ бо ҳам рақобат хоҳанд кард.

Ҳадафи асосии баргузории мусобиқа дарёфти истеъдодҳои ҷавон, такмили маҳорати касбии варзишгарон ва фароҳам овардани замина барои омода намудани насли нави қаҳрамонони ҷудои тоҷик мебошад. Тибқи иттилои пешниҳодшуда, барои ҷоизадорони мусобиқа дар маҷмуъ 1 миллиону 260 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ пешбинӣ шудааст.

Баргузории чунин мусобиқаҳо ба рушди варзиши ҷудо дар кишвар, ҳавасмандгардонии варзишгарони ҷавон ва баланд бардоштани сатҳи рақобат дар ин риштаи варзиш мусоидат хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД