Sebiston new 2024 october
Кӯле, ки баъди заминларза пайдо шуд
22.12.2024
ОИЛА.ТҶ
571

Кӯли Сарези Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1911 дар натиҷаи заминларза ба вуҷуд омадааст. Дарозии он 55,8 километр буда, чуқуриаш то 500 метр мерасад.

Кӯл дар баландии 3263 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, дар он беш аз 16 км3 об мавҷуд аст.

Кӯли Сарез 3-юмин кӯли калонтарини Тоҷикистон аз ҷиҳати масоҳат буда, байни кӯҳҳо дар натиҷаи ба маҷрои дарёи Мурғоб афтодани сангу ҷисмҳои кӯҳӣ пайдо шудааст. Кӯҳҳое, ки Сарезро иҳота кардаанд, аз сатҳи рӯи кӯл боз то 2 415 метр баланданд.

Оби кӯли Сарез ниҳоят тоза аст ва тақрибан то 50 метр чуқурии обаш мусаффо мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД