Солҳои донишҷӯйӣ ҳамроҳи чанд тан аз ҳамдарсон аз роҳе мегузаштем. Марди солхӯрдае дар канори роҳ китоби зиёдеро чидаву худ ба мутолиаи яке аз онҳо машғул буд. Аксари китобҳои ба фурӯш гузошташуда куҳнаву фарсуда буданд.
Дар як коғази сафед бо ҳарфҳои калон-калон навиштае буд, ки аслан, ҳамин навишта таваҷҷуҳи моро ба худ ҷалб кард: “КИТОБ КУҲНА НАМЕШАВАД!”
Яке аз дӯстон бо ҳисси кунҷковӣ ба марди китобфурӯш, ки ҳанӯз ба китобхонӣ машғул буд, гуфт: “Амак, чӣ хел китоб кӯҳна намешавад? Ҳамаи ин китобҳо куҳнаанд, - ку?!”
Марди китобфурӯш сар бардошту айнакро аз чашмонаш гирифту аввал ба китобҳо ва пас ба он дӯсташ нигоҳ карда, гуфт: “Бачам, маънои ин навишта ин аст, ки ҳикмату дониш куҳна намешавад. Бале, ин китобҳо куҳнаву фарсудаанд, вале ҳикмату донише, ки дар онҳост, ҳеч гоҳ куҳна намешавад”.
Касе аз мо дигар чизе нагуфт ва китобфурӯш айнакашро ба чашмонаш гузошта, боз ба китобхонӣ машғул шуд.