Дар хоб дидам, ки савори киштӣ ҳастам. Ҳол он ки ҳеҷ гоҳ ба киштӣ нанишастаам. Дар хоб киштӣ дидан чӣ таъбир дорад?
МУБОРАК, ш. Ҳисор
Ҷавоб:
- Киштӣ дар хобномаҳо бештар рамзи наҷот, амният ва раҳоӣ аз мушкилоту ғаму андӯҳ аст. Чунин хоб метавонад аз осон шудани корҳо, пайдо шудани пуштибон ва ё наздик шудан ба шахсони соҳибмақом дарак диҳад. Барои нафароне, ки аз беморӣ, тарсу ҳарос ё душвории зиндагӣ азият мекашанд, киштӣ дар хоб башорати раҳоӣ ва сабук шудани вазъият мебошад.
Агар дар хоб бинед, ки ба киштии дар баҳр истода савор мешавед, ин маънои онро дорад, ки бо шахсони соҳибмансаб ё ҳокимон муносибат пайдо мекунед. Андозаи киштӣ ва то чӣ ҳад вориди он шудан нишон медиҳад, ки то кадом дараҷа ба онҳо наздик хоҳед шуд. Аммо ин наздикӣ ҳамеша пойдор набуда, баъдан аз онҳо ҷудо мешавед.
Агар бинед, ки киштӣ ба сӯи шумо ҳаракат мекунад, ин муждаи нек аст. Чунин хоб аз он шаҳодат медиҳад, ки мушкилоту ташвишҳои шумо ба зудӣ ҳал мешаванд ва роҳи осонии корҳоятон боз мегардад.
Дар хоб аз киштӣ берун шудан низ таъбири хуб дорад. Ин нишонаи аз ғаму андӯҳ, тангдастӣ ё мушкилие, ки муддате шуморо азият медод, раҳо ёфтан аст.
Агар дар хоб бинед, ки ба дохили киштӣ об медарояд, чунин рӯъё метавонад ба беморӣ, ташвиш ё ба маҳбас афтодан ишора кунад. Бо вуҷуди ин, таъбиргарон мегӯянд, ки чунин мушкил дер давом намекунад ва шахс ба зудӣ аз он раҳо хоҳад шуд.
Киштиро дар хушкӣ дидан рамзи ғаму андуҳест, ки зуд сипарӣ мешавад. Ҳарчанд ин хоб метавонад аз пайдо шудани баъзе душвориҳо хабар диҳад, вале онҳо муваққатӣ буда, оқибат бо хайр анҷом меёбанд.
Агар дар хоб худро ҳамроҳи зоҳидону парҳезгорон дар киштӣ бинед, ин нишонаи ҳидоят, тавба ва қадам гузоштан ба роҳи рост мебошад. Инчунин агар бо аҳли оилаи худ ба киштӣ савор шавед, чунин хоб аз ба даст овардани баракат, обрӯ, бузургӣ ва раҳоӣ аз душманон мужда медиҳад.
Аммо агар киштии шикастаро бинед, ин аз ҷумлаи хобҳои номатлуб ба ҳисоб меравад ва метавонад аз рӯйдодҳои нохуш ё мушкилоти ҷиддӣ огоҳӣ диҳад. Бо вуҷуди ин, агар дар киштӣ танҳо сӯрохӣ ё тарқишро бинед, таъбири он баръакс нек аст. Ин нишонаи он аст, ки мусофирони киштӣ аз офат ё хатари бузург наҷот меёбанд.