САВОЛ:
Ман Саъдӣ аз шаҳри Панҷакент. Писарам Содирҷон, 12-сола аст. Худ аз худ аз ҳуш меравад ва баъди ба ҳуш омадан дамоми 2-3 соат хоб мекунад. Дасту пойҳояш карахт мешаванд. Ба духтур муроҷиат намудем, “кирм” гуфтанд. Ҳайронам, наход кирми рӯда одамро беҳушу карахт намояд? Аз доктор Анвар Исомидинов пурсиданиям, ки иллати Содирҷон дар чист ва магар ин беморӣ роҳи табобат дорад?
Посухи табиб, Анвар Исомиддинов:
Аз нуқтаи назари илми муосир касалӣ сабук ва ё сиҳатшаванда нест. Бемориҳое ҳастанд, ки як сабаб доранд дер пойдевори касалӣ 2-3 сабаб меистад. Ҳамчунин бемориҳои бисёр сабаб доранд. Агар табибон дар дил иллат наёфта бошанд, он гоҳ ҳатман сабаби бемориро дар майна ҷустан позим аст.