Arzon march 2024
КИҲО АЗ ҲУҚУҚИ ПАДАРУ МОДАРӢ МАҲРУМ МЕШАВАНД?
1615

Бинобар қонуни нави Тоҷикистон шахсоне, ки ба ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, инчунин даллагӣ машғул мебошанд, аз ҳуқуқи падарӣ ва модарӣ маҳрум мегарданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти парлумони Тоҷикистон.
Ба лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Тоҷикистон” дар маҷмӯъ ба 9 моддаи Кодекси амалкунанда тағйирот пешниҳод гардида, инчунин 2 боби нав илова карда шуд, ки он фарогири 11 моддаи нав мебошад.

Манбаъ илова намудааст, аз ҷумла, ба моддаи 69-и Кодекси амалкунанда сархатҳои шашум ва ҳафтум илова карда шудаанд, ки тибқи онҳо доираи асосҳо барои маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модар зиёд гардида, шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии кӯдакони то ба синни шонздаҳ нарасида маҳкум шудаанд ва шахсоне, ки ба ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, инчунин даллагӣ машғул мебошанд, аз ҳуқуқи падарӣ ва модарӣ маҳрум мегарданд.

Дар ин хусус зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ҷаласаи Шӯрои Мачлиси намояндагон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Дар ҷаласаи Шӯро зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъкид гардид, ки ибтикори мазкур ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 барои сода гардонидани расмиёти фарзандхонии кӯдакони ятим баён гардида буд, вобаста мебошад.
Тибқи лоиҳаи мазкур, ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 671 илова мегардад, ки дар он ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарбияткунандагони воқеӣ дар таълим ва тарбияи кӯдакон, ки ҳуқуқи иштирок кардан доранд, муайян карда мешавад.
Инчунин моддаи 672-и дар лоиҳа пешбинигардида асосҳои пайдоиши муносибатҳои ҳуқуқӣ вобаста ба тарбияи воқеиро дар бар гирифтааст.
Дар асоси лоиҳаи мазкур ба Кодекси оилаи Тоҷикистон боби 201 илова карда мешавад, ки он масъалаҳоро вобаста ба оилаи (мураббии) парастор, шартнома дар бораи ба тарбия додани кӯдак ба оилаи (мураббии) парастор, падару модари (мураббии) парастор, кӯдаконе, ки нисбат ба онҳо оилаи (мураббии) парастор таъйин кардаанд ва таъминоти кӯдакони ба оилаи (мураббии) парастор додашударо фаро мегирад.
Ҳамчунин, ба лоиҳа боби 202 бо номи оилаи меҳмондорӣ илова карда шудааст, ки он асосҳо барои додани кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастори аз падару модар мондаро ба оилаи меҳмондорӣ, тартиби додани кӯдакон ба оилаи меҳмондорӣ, шартнома дар бораи ба тарбия додани кӯдакон ба оилаи меҳмондорӣ ва масъулияти шахсоне, ки кӯдаконро ба оилаи меҳмондорӣ қабул менамоянд, танзим менамояд.
Қобили тазаккур аст, ки ҳоло дар Тоҷикистон 5 277 нафар ятимони кулл ва 74 ҳазор ятимон зери сарпарастии давлат қарор доранд.
Дар сурати қабул гардидани қонуни мазкур барои фаро гирифтани кӯдакони маъюб, ятим ва кӯдакони бепарастори аз падару модар монда ба таъмину тарбия дар оилаҳои (мураббии) парастор ва муваққатан дар оилаи меҳмондорӣ на танҳо шахсони бефарзанд, балки ҳамаи оилаҳои фарзанддор низ баҳри иҷрои амалҳои нек саҳм мегузоранд.
Дар ҷаласа ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак” мавриди баррасии аъзои Шӯро қарор гирифт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД