Sebiston new 2024 october
Хусури маккор
28.06.2024
ОИЛА.ТҶ
2748

Ман дар оилаи зиёӣ ба дунё омадаам, падарам омӯзгору модарам духтур аст. Аз хурдӣ як хислат доштам, ки мехостам ёриам ба ҳама расад. Хусусан, дар хона медонистам, ки модарам аз кор монда шуда меояд, бинобар ин, кӯшиш мекардам ҳама корҳои рӯзгорро анҷом диҳам. Хоҳару додаракамро ҳам хуб нигоҳубин мекардам.

Хоҳаракам оҳиста-оҳиста ба воя мерасиду баробарам дар корҳои хоҷагӣ саҳми худашро мегузошт. Модарам доимо аз мо хушнуд буду бо ифтихор мегуфт, ки касе духтарони маро келин кунад, роҳат мебинад.

Пас аз хатми мактаб ба Коллеҷи тиббии шаҳрамон дохил шудам ва дар баробари таҳсил вақт ёфта, ба аҳли хонавода ёрии худро мерасонидам.

Модарам як бародар дорад, ки мо ӯро хеле дӯст медорем, ба писаронаш бошад, ака гуфта, муроҷиат менамоем. Байни хонаводаи мо ва тағоям муносибатҳои хубе ҷорӣ буданду ҳангоми аз коллеҷ ҷавоб буданамон маро як писари тағоям, ки ҳамсараш адвокат буду се кӯдаки хурдсол доштанд, “ба янгаат ёрӣ медиҳӣ” гӯён, ба хонааш мебурд. Рости гап, янгаам ба худаш бисёр аҳамият медоду ба қавле “фасонча” буд, аммо ба корҳои хона чандон диққат намедод. Тозагию озодагии хонаю дараш мани бечора будам, ба хотири писартағои меҳрубонам бе ягон рӯ турш кардан ҳама корашонро мекардам.

Боре дар хонаи онҳо будам, ки модари янгаам ба хабаргирияшон омада, қариб як ҳафта меҳмон шуд. Ман хӯрокҳои хостаашро тайёр намуда, шабҳо пойҳои дардмандашро маҳс мекардам. Чанде баъд аз тарафи хонаводаи янгаам бароям хостгорҳо омаданд. Он вақт дар курси охирин мехондам ва волидонам ба издивоҷи ману додари янгаам розӣ шуда, тӯйро баъди хатми коллеҷ монданд. Ман мисли ҳама духтарони тоҷик чизе нагуфтам ва такя ба волидонам намудам.

Вақти таъиннамудаи волидонам низ фаро расиду маро тӯй карда, ба пойтахт бурданд, шавҳарамро танҳо дар сурат дида будам ва рӯзи тӯй фаҳмидам, ки қадаш пасту бенур ва аз ҳама бадаш, аз зани пешинааш ҷудо шуда будаасту як фарзанд низ доштааст.

Зиндагиям бо нобоварӣ оғоз ёфт, зеро аз занаш ҷудо шудани ҳамсарамро шунида, дар дилам гумону тахминҳо зиёд шуд. Хусуру хушдоманам одамҳои хубе буданд, аммо ба фарзандонашон аз ҳад зиёд озодӣ дода буданд, ки маро ба ҳайрат мегузошт. Масалан, ҳамроҳи мо як апаи шавҳарам зиндагӣ мекард, ки аз шавҳараш бо ду духтарча ҷудо шуда буд, ӯ бо марде мегашт ва он мардро рӯирост ба хона меовард. На ҳамсарам ва на падару модараш ба ӯ чизе намегуфтанд. Ман мисли ғуломи зархарид меҳнат мекардам, волидони шавҳарам дӯстам медоштанд, аммо оҳиста-оҳиста ҳамсарам қилиқҳои нав баровард. Ҳомила будаму ӯ ба хона дер меомад ё чанд рӯз бедарак мегашт, чун сабаб мепурсидам, ҳамроҳам ҷангу ҷанҷолро мебардошт. Таваллуди духтарчаам низ натавонист меҳри ӯро ба ман гарм созад. Боре аз гуфтугӯяш бо модараш фаҳмидам, ки каси дигарро дӯст медораду мехоҳад аз ман ҷудо шуда, бо ӯ зиндагӣ кунад. Хушдоманам писарашро ҷанг карду тарафи маро гирифт, аз ин тарафгирии модари шавҳарам хурсанд шуда, таваккал бар Худо карда, зиндагиямро давом додан гирифтам. Ҳарчанд муносибати падари фарзандам бо ману духтараш сард буд, вале тоқат мекардам.

Як рӯз шавҳарам омада гуфт, ки таъмирро сар мекунем, хушдоманам бо набераҳою духтараш ба бӯстонсарои домодашон (писари тағои ман) рафтанду ман бо тифлаки хурдам ҳамроҳи устоҳо мондам. Партовҳои баровардаи устоҳоро бурда мепартофтаму барояшон се вақт хӯрок мепухтам, се моҳи дароз азоб кашидаму хонаи чорҳуҷрагиро бо тамоми санъаташ таъмир намудем. Тамоми қолину палос, кӯрпаю кӯрпача ва болиштҳоямонро низ худам шустам, ба хона менигаристаму ҳавасам меомад, аммо кати хоби ману ду-се кӯрпаи доштаамро ба мошине бор карда, шавҳарам маро ба хонаамон бурда, талоқамро дод. Се шабу се рӯз ба даҳонам чизе нагирифта, гиристаму гиристам. Волидонам “барои як калтаи бенамуди номусулмон худатро мекушӣ” гуфта, сарзаниш мекарданд, аммо онҳо намедонистанд, ки ман барои қадри худам мегирям, барои канизию ғуломӣ ва хубиҳоям дилам месӯзад. Охир, мақсадаш чунин буд, пас чаро пеш аз таъмир ба хона оварда ҷавобамро надод? Чунки барои шавҳари занҷаллобу хоҳаршӯҳои шалақи нокораам чирктозакунак даркор буд!

Баъди ду моҳ чун фаҳмидам, ки ҳамсарам ҳамон маъшуқаашро ба занӣ гирифтааст, ба нею нестони волидонам нигоҳ накарда, ба суд муроҷиат кардам, ки падари фарзандам моро бо хона таъмин кунад. Ин хабарро шунида, хусури сарсафедам, ки ба фарзандонаш тарбияи хуб дода натавонистааст, даррав хонаро ба номи духтараш (зани писари тағоям) кардааст, шавҳарам бо занаш ба хонаи иҷора рафтаанд. Гӯё шавҳари ман камбағал асту наметавонад барои мо хона харад, манзили истиқоматии волидонашро барои он ба номи духтари калонияшон кардаанд, ки ӯ бисёр зани шаттоҳу ҷангара асту ба қавле савораро аз асп меафтонад. Аз рӯйи шунидам, алакай бо чанд ҳамсоя ҷанг карда, дар бинои истиқоматӣ ҳамчун «саг» ном баровардааст. Ин «саг»-и бехона, ки ҳозир бо се духтараш дар манзили волидонаш истиқомат мекунад, соҳиби ҳавлӣ, бӯстонсаро ва мошину давлату сарват аст. Ман пули касеро намешуморам, аммо як чизро мегӯям, ки одаму одамгарӣ куҷо шуда бошад? Наход хоҳаршӯи ман фикр накунад, ки ӯ се духтар дораду Худованд ягон рӯз бахти маро ба сари онҳо меорад? Ман тамоми неру ва вақтамро сарф карда, аз шавҳари фиребгару хоҳаршӯйи маккораам ҳақамро меситонам!

Шавҳари ман мард шуда, кӯшиш мекунад, ки бо фанду фиреб ҳақи духтарашро надиҳад, аммо ман ин тавр намемонам!

Хонандаи Oila.tj

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД