arzon replenishment
Хушдомани золим вуҷуд доштааст!
11.11.2023
ОИЛА
1786

 

Ман як зани 50-солаи деҳотии хонашин ҳастам. Дар ҷавонӣ ҳангоми дар хонаи хушдоманам зиндагӣ кардан ҷабру ситамеро, ки аз ҷониби хушдоман ва духтаронаш кашидаам, беҳтараш рӯи коғаз намеорам.

Ҳамин қадарашро мегӯям, ки вақте хонаву дари худро алоҳида кардам, аллакай чанд ҷарроҳиро аз қабили “грижа”, “геморрой”, буридани бачадон ва дигар бемориҳоро аз сар гузаронидаму ба қавле дар ин синну сол ба кампири 70-сола монанд шудаам. Вақте духтарамро ба шавҳар медодам, шабу рӯз сари ҷойнамоз Худоро зорӣ мекардам, ки ақаллан духтаракам рӯзҳоеро, ки ман аз сар гузаронидам, ҳеҷ гоҳ набинад.

Чанд рӯз қабл духтарамро ба шавҳар додем, вале аз ҳафтаи аввалини издивоҷашон эҳсос кардам, ки хушдомани духтарам дар золимӣ аз хушдомани ман бадтар будааст. Арӯсаки якҳафтаинаро дар ин шабу рӯзи тирамоҳӣ, ки хеле сард аст, ба қолину палосшуӣ маҷбур кардаву то ними шаб фармон дода, ин корро куну он корро кун гуфта, духтарамро азоб медодааст. Ростӣ, солҳое, ки мо шавҳар кардем, чунин тараққиёт набуд, техникаву пешравӣ то ин андоза ба ҳар кас дастрас набуд. Вале ҳоло дар деҳаҳои дурдасттарин низ мардони ба дасту панҷа тамоми шароити зиндагиро барои занҳову духтарони худ муҳайё месозанд. Аксари хонаводаҳоро медонам, ки келинҳои худро мисли фарзандонашон нигоҳубин мекунанду озор намедиҳанд. Вале хушдомани духтари ман гӯё келин неву ба хонааш канизак оварда бошад, бениҳоят нисбати духтарам бераҳмӣ мекардааст. Худам тамоми умр ба чунин золимиҳои хушдоман тоқат карда, имрӯз бемор шудааму шавҳарам маро “кампир шудаӣ” гӯён, масхара мекунад. Намехоҳам духтараки нозанинам мисли ман умр ба сар барад, вале хонавайрон шуданашро ҳам намехоҳам. Хоҳарону апаҳои азиз, ба фикри шумо ман бояд чӣ кор кунам?

Б., аз шаҳри Ҳисор.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД