arzon replenishment
Хушдоманам золим набуд
04.06.2023
ОИЛА
2064
no-img

 

Шаҳло ном дорам, зодаи Душанбешаҳр ҳастам. Дар оила хеле нозпарвард калон шуда будам, волидонам чунон маро эрка ба воя расониданд, ки бо вуҷуди духтари калони хона буданам дастамро ба косаи тар намезадам.

Сарнавишт чунин будааст, ки падари нозбардорамро хеле барвақт аз даст додем. Модарам маро бо дастгирии хешу ақрабо ба шавҳар дод. Вақте ки келин шудам, ягон кори хонаро уҳда карда наметавонистам. Ҳангоме, ки бори аввал шӯрбо пухтам, хусурам як қошуқ ба даҳон бурда, косаи хӯрокро сӯям партофта гуфт, ки “ин овпапаро худат хӯр!” Аз тарсу шарм дасту поям ба ларза даромада, намедонистам чӣ кор кунам. Ашк рухсораҳоямро мешуст, маҷоли гап задан надоштам. Дар ин ҳангом хушдоманам маро ҷонибдорӣ намуда гуфт, ки ҳеҷ гап надорад, дафъаи дигар шӯрбои бомаза мепазад.

Даъфаи дуюм ош мепазам гуфта, шавла пухтам. Хушдоманам ин дафъа низ маро аз ҳолати ногувор бароварда, тасмим гирифт, ки хӯрокпазиро худаш ба ман ёд медиҳад. Тамоми нозукиҳои ҳунарҳои занонаро аз хушдоманам омӯхтам.

Имрӯз аз хушдоманам ҳазорон маротиба миннатдор ҳастам, ки ба ман роҳу равиши дурусти зиндагиро омӯхтанд. Агар дар ҳамон шабу рӯз хушдоманам низ маро дастгирӣ намекард, намедонам аҳволи ман чӣ мешуд.

Ба тамоми духтарон гуфтан мехоҳам, ки зиндагӣ чархофалак аст, мо намедонем пагоҳ моро чӣ интизор аст. Барои он ки фардо мисли ман дар хонаи хушдоман азоб накашед, кору бори рӯзгорро омӯзед, дугонаҳои азиз!

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Манижа 2023-06-07, 17:06
Хуштомани нагз насиьатон гаштааст хохари Азиз худоро шукр гуиду хизматашро ба со оред
Посух
Манижа 2023-06-07, 17:06
Хуштомани нагз насиьатон гаштааст хохари Азиз худоро шукр гуиду хизматашро ба со оред
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Манижа 2023-06-07, 17:06
Хуштомани нагз насиьатон гаштааст хохари Азиз худоро шукр гуиду хизматашро ба со оред
Посух
Манижа 2023-06-07, 17:06
Хуштомани нагз насиьатон гаштааст хохари Азиз худоро шукр гуиду хизматашро ба со оред
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД