formula feb 2025
Хушдоманам духтарашро алов мемонад
22.04.2025
Oila.tj
1040

Салом! Чанде пеш шикояти мардеро аз зани бадрашк дар сомона хондам ва ман ҳам қарор додам, ки қиссаи зиндагиамро нақл карда, аз хонандагон маслиҳат бипурсам, чунки тақдирамон ба ҳамдигар хеле монанд будааст.

Ман ҳам бо ишқу ошиқӣ хонадор шудаам. Ростӣ, пеш аз фотиҳа тамоми хешу табор ва ёру ҷӯраҳоям мегуфтанд, ки ин духтарро ба занӣ нагирам, чунки модараш бисёр зани баддаҳон аст ва шавҳараш аз дасти ӯ тарки Тоҷикистон намудааст, вале мани ошиқ “ба модараш чӣ кор корам, муҳимаш худи духтар маро дӯст медорад” мегуфтам, аммо баъди тӯй фаҳмидам, ки беҳуда дар урфият “очаша бину духтараша гир” намегуфтаанд.

Ҳамсарам ба мисли модараш бисёр зани баддаҳон буда, аз солҳои аввали зиндагиамон бо рашку итобаш дилу ҷигари маро мехӯрд. Аввалҳо фикр мекардам, ки ҳоло ҷавон ҳастем ва синну соламон болотар равад, ин одати бадашро мепартояд, аммо беҳ нашуд, ки торафт бадтар шуд. Зиндагиамонро 20 сол шудаасту соҳиби келину домод ва чанд набера гаштаем, вале занам то ба ҳол маро ҳатто ба сояи худаш рашк карда, дар ҳама ҷо хандахариши мардум месозад. Мабодо дар тӯю маъракаҳо бо ягон зани хешу табор гап занам ё рақс кунам, қиёматро қоим мекунад, ки ту бо он зан ягон муносибат дорӣ. Ҳарчанд мегӯям, ки ҳой аҳмақ, ин занҳо ҳамаашон барои ман мисли апаю хоҳаранд ва шавҳару хонаву дари обод доранд, ҳеҷ фаҳмидан намехоҳад. Дар чанд тӯй рӯю мӯйи раққосаҳоро канд, ки чаро худро ларзондаю ҷунбонда ба пеши шӯйи ман омада, рақс мекунед. Бовар кунед, аз тарси рафтори аблаҳонаи занам дигар ба тӯю маъракаҳои хешу табор намеравам, ки мабодо боз ягон номаъқулӣ накунад.

Аслан бояд модар духтарашро насиҳат кунад, вале хушдомани ман баръакс ҳамеша духтарашро алов мемонад, ки шавҳаратро маҳкам дор, агар лаҷоми ин мардҳоро сар дода монӣ, думи ягон ойимчаро гирифта, дигар ёди зану фарзанд намекунанд.

Занам падар надорад, ки аз вай маслиҳат ва мадад пурсам. Дар чунин синну сол аз занам ҷудо шавам, шояд одамони намедонистагӣ гумон мекунанд, ки ман думболи ягон зани дигарро гирифта, аз баҳри оилаву фарзандонам гузаштаам ва номардам хонанд.

Илтимос, ба ман маслиҳт диҳед, чӣ кор кунам?

Т. К.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД