Рафта-рафта муносибати Моҳира бо хушдоманаш тайғир ёфт. Медонед-ку, як гап дар як ҷо намеистад. Маълум шуд, ки Моҳира аз рӯйи "машварат"-ҳои дугонаам амал карда, хушдоманашро дар дами пирӣ озор медодааст. Вале ба ин нигоҳ накарда, бечора хушдоман ба ҳамааш сабр кардааст. Ҳатто ба ҳамсояҳо доимо келинашро таъриф мекардааст.
Ҳамин тавр, аз муносибати сардгаштаи Моҳира шавҳараш огоҳ мешавад ва борҳо таъкид мекунад, ки муомилаашро бо модараш дуруст кунад.
Хуллас, Моҳира рӯз аз рӯз хушдоманашро озор додан мегирад. Рӯзе аз рӯзҳо бо хушдоманаш ҷанг мекунаду ӯро дуои бад мекунад.
- Модарҷон, наход келин то ҳамин дараҷа равад-а? Охир хушдоман пеш аз ҳама модар ку!,- мутаҳаййир гуфт келинчак.
- Бале, афсӯс, баъзе келинҳои ин замона инро хуб дарк намекунанд. Қисса кӯтоҳ, дуои бад мекунаду ҳамон замон худи Моҳира аз зина пояш лағжида, бо тахтапушт меғалтад. Хушдоман давида меояду ӯро ба беморхона мебарад. Баъди ташхис маълум мешавад, ки миёни Моҳира шикастааст. Моҳира қариб як сол аз ҷояш намехезад. Хушдоман ӯро нигоҳубин мекунад. Ҳамин тавр, Моҳира аз корҳои кардааш пушаймон мешавад.
Барои ҳамин, келинҷон ба ҳеҷ кас тақлид накунед. Оилаатонро, хонаводаатонро бо дигар оилаҳо муқоиса накунед.
- Хуб шудааст модарҷон, аз рӯйи гуфтаҳои шумо амал мекунам,- дастони хушдоманашро молиш дода, гуфт Моҳрӯ.
Муҳаббат дасти келинашро маҳкам фишурду бӯсид ва суханашро идома дод:
- Моҳрӯ, ҳамеша дар ёдатон бошад, ки аз рӯйи "формулаи хушбахтӣ"-и як нафар ҳеҷ гоҳ амал накунед. "Формулаи хушбахтӣ"-и як оила ба оилаи дигар асло дуруст намеояд. Зеро хислат, рафтор, кирдор ва муҳити ҳар хонавода ҳар хел мешавад. Ба хонаводаи мо, ки келин шудед, ба ҳамин муҳит одат кунед. Кӯшиш кунед, ки муҳити оилаатон доимо тинҷу осуда бошад. Зеро, дар муҳити солим одамони бомаърифат ва бофазлу дониш ба воя мерасанд.
Асосӣ оиладориро эътимоду боварӣ ба ҳамдигар ташкил медиҳад. Асло ба шавҳаратон Парвизҷон беътиноӣ накунед. Ба шавҳаратон меҳр диҳед ва бо муҳаббати худ ӯро навозиш кунед. Гуфтаҳояшро бо ҷону дил иҷро кунед. Кӯшиш кунед, ки назари шавҳаратон ба ҷойи чиркину ифлос наафтад, зеро мардон чиркиниро бад мебинанд.
Шавҳаратонро бо чеҳраи кушод ба кор гусел кунед ва ҳамин тавр пешвоз гиред. Ба мард чеҳраи шукуфони завҷааш неру медиҳад. Хушдоманам мегуфтанд, ки қариб 70 фисади муваффақияти мард аз зан вобаста аст. Дар урфият ҳам мегӯянд ку, "пушти ҳар марди муваффақ як зани оқилае ҳаст".
Бе маслиҳати шавҳаратон кор накунед. Мардҳо зани бемаслиҳат кор мекардаро дӯст намедоранд.
Одамони қадим мегуфтанд, ки "мард бо шикамаш дӯст медорад". Бале, барои шавҳар хӯроку хӯришҳои болаззат пухтан лозим, вале мард ҳам навозиш мехоҳад. Ӯ ҳам мехоҳад аз суханҳои ширини завҷааш баҳра барад. Дар хотир доред, ки суханони пурмеҳр ба ҳамдигар аркони оиларо мустаҳкам месозанд.
Муҳаббат ду-се қулти дигар чой нӯшиду пиёларо ба келинаш дароз кард. Моҳрӯ чой гардониду хост чойи дигаре дам карда орад. Муҳаббат барои он, ки миёни гап нашиканад, келинашро ба хестан намонд ва суханашро идома дод:
- Имрӯзҳо аксари оилаҳо аз пушти "хабаркашӣ" пош хӯрда истодаанд. Баъзе келинҳои ҷавон оддитарин мушкилоту нофаҳмиро дарҳол ба модарашон ва ё ягон нафари дигар мерасонанд, ки дар натиҷа ба ояндаашон таъсир мерасонад. Барои ҳамин, ҳар ногапие, ки миёну шумову Парвиз шуда мегузарад, аз остонаи даратон берун набарояд. Агар бо шавҳаратон каме тезутунд шудед, ҳатман пешдастӣ карда, аввал шумо бахшиш пурсед, зеро қадру қиммати шумо назди ӯ баланд мешавад ва кӯшиш мекунад, ки дигар ба дили шумо озоре нарасонад.
Ҳеҷ гоҳ ғайбат накунед, хоса хусуру хушдоман, шавҳар ва ё авсуну хоҳаршӯйро.
Ғайбат худ бадтарин сифоти инсон аст. Баъдан беихтиёр ғайбат ба гӯши ғайбатшуда мерасад.
АРДАШЕР