- Хушбахт шавед, обод бошед. Ҳамроҳи бачаякам садсолаҳо умри дароз бинед. Доимо дар хонаатон кабӯтари бахт ошён гузорад. Кам нашавед, келинҷон,- Муҳаббат ба келини наваш Моҳрӯ, ки аз остонаи дар истода салом медод, бо ҳавас нигариста, дуои нек мекард, то ки ин наварӯс ҳамроҳи писараш Парвиз қӯшапир шаванду дар шоҳроҳи зиндагӣ хушбахтона умр ба сар баранд.
Келинчак баъди се бор таъзими арӯсона кардан тӯри сурхи ҳилҳиладорашро ба даст гирифту хушдоманашро аҳволпурсӣ кард.
- Субҳатон ба хайр бошад, модарҷон! Имшаб нағз хоб кардед?,- бо мулоиматии ба худ хос пурсид Моҳрӯ.
- Раҳмат келин. Шумо чӣ ҳол доред?
- Ташаккур.
Моҳрӯ каме бо хушдоманаш нишасту баъд бо табассум барои омода кардани ношто рафт.
Вай дар як лаҳза рӯйи мизро аз кулчаву нон, чойи кабуду ширчой, қанду мавиз ва қаймоқу ширинӣ пур кард. Ҳарду нишаста субҳона карданд.
Баъди хӯрда шудани субҳона Муҳаббат чун одати ҳарвақта барои ободиву осоиши меҳан ва хушбахтии фарзандонаш дуои нек кард. Сипас Моҳрӯ дастархонро ғундошта, корҳои боқимондаашро тамом карду як чойник чойи кабуд дам карда омад ва назди хушдоманаш нишаст.
Муҳаббат аз чаққонии келинаш шод буд. Шукр мекард, ки Худованд барояш чунин келини сиратану суратан зебоеро ато кардааст. Вай ба келинаш рамузкорона нигариста, гуфт:
- Келин, ба шумо якчанд насиҳатҳои модарона дорам. Умедворам аз суханҳои ман намеранҷед. Медонам, модаратон шуморо бо одобу ахлоқи баланд тарбия карда ба воя расонидаанд. Вале, ҳар хонадон ба худ "қоидаву қонун"-ҳои хос дорад. Реҷаи рӯз, хӯрду хӯрок, пухту паз ва ғайра. Шумо, ки акнун духтари ин хонадон шудаед, бояд ба муҳити хонаводаи мо одат кунед. Минбаъд шумо ба шодиямон шарик, ба ғам ҳамдам ва ба дардамон малҳамед. Аз чеҳраатон маълум, ки дили софу беғубор ва бекинаву беғаш доред. Модаратонро ҳам мешиносам, бисёр зани оқила, кордону чаққон, ҳунарманд, ҳамзамон фарҳангу маърифати баланд доранд. Шукр, ки бо чунин одамон қудо шудаму риштаи хешутаборӣ бастам...
Аз таърифҳои хушдоман чеҳраи Моҳрӯ чун гул мешукуфт ва паст-паст зери лаб "ташаккур, раҳмат" мегуфт. Аз баъзе суханҳои хушдоманаш рухсораҳояш чун анор сурх мешуданд.
Муҳаббат лаҳзае сукут кард ва сипас пиёлаи чойро як қулт нӯшиду суханашро давом дод:
- Моҳрӯҷон, шумо ҳоло ҷавонед ва нав ба ҳаёти оилавӣ қадам ниҳодед. Аз ин рӯ, ба маслиҳату машварати ман - "пири рӯзгордида" бо диққат гӯш диҳед. Асло фаромӯш накунед, ки оила - ин макони муқаддас аст. Кӯшиш кунед, ки ба ин макони муқаддас касе газанде нарасонад. Аксаран ба оилаҳои навбунёд дахолати шахсони севуму чорум зиёд мешавад. Шумо ба онҳо аҳамият надиҳед. Бо маслиҳати ҳар кас ҳам кор накунед. Ҳафт бор чен карда, баъд буред. Баъзан одамон маслиҳати нодуруст медиҳанд. Агар аз рӯйи он амал кунед, метавонад ба хонавайронӣ оварад. Ҷомаи бемаслиҳат кӯтоҳ гуфтаанд, аммо як маслиҳати нодуруст метавонад ҷомаро аз беху бунаш дарронад. Биёед дар ин бобат ман ба шумо қиссаи як дугонаамро нақл мекунам.
Моҳира ном дугона доштам, духтари бомаъниву бофаросат ва келини чаққону кордон буд. Ба оилаи онҳо дӯстон ҳавасу душманон ҳасад мехӯрданд. Ҳар каси хушдоману келинро дида гумон мекард, ки онҳо модару духтари воқеиянд, ҳатто як қулт об бе якдигар аз гулӯяшон намегузашт. Як дугонаи дигар доштем, ки нисбати пайвандони шавҳараш тамоман бефарқ буд. Нисбати хушдоманаш ҳам эҳтиром надошт ва дигаронро ҳам ба ин роҳ таблиғ мекард.
Аз байн ду сол гузашт. Дугонаи таннозамон ба Моҳираи меҳрубон пайваста мегуфт, ки "мо келинҳо ғулом нестем ва набояд чун хизматгор хизмати хусуру хушдоманро кунем. Хизмати бачаашро мекунем шуд-дия. Безор шудам аз дасти ин хушдоман, саҳар хез, кӯчаро рӯб, чой дам кун, субҳона тайёр кун, дилаша ёб ва ғайра"... Хуллас, бо маслиҳатҳои хирсонааш мафкураи Моҳираро заҳролуд кард.
АРДАШЕР