Хушбахти Бекзод, рӯзноманигор, муаллими варзида ва шахсияти нотакрор дар соҳаи фарҳанг пас аз зӯҳри 11-май аз ҳаёт чашм пӯшид.
Хуршеди Атовулло, рӯзноманигори шинохта, корбари фаъоли фейсбук ин хабарро ба хабарнигори сомонаи Оила Рустам Азимӣ тасдиқ намуда, марги журналисти радио ва устоди илму адабро талафоти азим ба ҷомеаи фарҳангпараст номид.
Хушбахт Бекзод, шавҳари Гавҳар Умарова буда, дар синни 75 солагӣ аз бемории диқи нафас дунёро падруд гуфтанд.
Номбурда, 6-уми августи соли 1945 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ зода шуда, мактаби миёнаи № 2 ба номи М. Горкий (ҳоло ба номи Қутбӣ Киром), пасон Донишгоҳи омӯзгории ба номи С. Айниро хатм намуда буд.
Аълочии Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Аълочии Матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Аълочии Телевизион ва радиои Тоҷикистон, Дорандаи медали «Корманди шоиста» буд.
Ҷанозаи мақтул имрӯз дар ноҳияи Айнӣ баргузор мегардад!
Сӯҳбати мо бо устод пеш аз маргашон:
Хушбахти Бекзод: Гавҳарро дидаму Маҷнун шудам!