Arzon march 2024
ХУРОСОН: ҲАМСОЯ ҲАМСОЯРО БАРОИ ОБ КУШТ!
3439


Дар натиҷаи занозании ҳамсояҳо ва муноқишаи гурӯҳӣ дар ноҳияи Хуросон як нафар кушта шуд,-хабар медиҳад Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Баъзе вақт ҳисси бадбинӣ ва нафрат ба якдигар ба куштор оварда мерасонад, ки сабабгори он ҳатто масъалаи об шуда метавонад. Далели ин гуфтаҳо муноқишаи гурӯҳии ҳамсояҳо дар ноҳияи Хуросон мебошад.

Чуноне ки ВУД хабар медиҳад, дар деҳаи Навзамини ҷамоати деҳоти Хуросон миёни ҳамсояҳо Эргашевҳо ва Холматовҳо барои гирифтани об барои замини наздиҳавлигиашон муноқиша сар зада, дар натиҷа як нафар ба ҳалокат расидааст.
Холматов Муродалии 49-сола дар ҳолати мастӣ ба хонаи Эргашов Раҳимҷони 25-сола равфта ӯро дашномҳои қабеҳ додааст. Эргашов Маҳмадраҷаби 23-сола ва чанд пайванди дигари Раҳимҷон ба муноқиша ҳамроҳ мешаванд ва занозанӣ оғоз меёбад. Маҳмадраҷаб дар рафти ин занозанӣ Холматов Урозро аз пой афтонида ин боиси марги номбурда гаштааст.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур аз ҷониби Додситонии ноҳияи Хуросон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Кароматуллои Имомалӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД