Formula novemver 2024
Хунрезӣ дар Панҷакент
7634

Ҷанҷоли ҷавонон боиси марги 3 нафар гашт
“Разбор”-и як гурӯҳ ҷавонони деҳотӣ дар назди мактаби №15-и шаҳри Панҷакент чунон пуршиддат ҷараён гирифт, ки бо дашному ҳақорат додани ҳамдигар ва мушту лагад қонеъ нагашта, рақибон билохира ба кордкашию кордзанӣ гузаштанд. Ин муноқишаи хунин, ки аксари иштирокчёнаш донишҷӯён будаанд, боиси марги чанд навҷавон гашт.
Тавре ки Пресса. ТЧ хабар медиҳад, занозании хунин дирӯз байни ду гуруҳ ҷавонон дар паҳлуи мактаби №15-и шаҳри Панҷакент ба вуқуъ пайваста, бар асари ин муноқишаи тақдирсӯз 3 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Ба иттилоъи манбаъ ду нафар дар ҷои ҳодиса ва ҷавони сеюм дар бемористон ҷон додааст. Ду нафар аз кушташудаҳо акаву додар будаанд.
Мақомоти милитсияи Панҷакент гуфтаанд,ки аллакай ҳамаи иштирокчиёни ин занозаниро муайян ва дастгир кардаанд, вале сабаби занозании хунини ҷавонон ҳанӯз маълум нест.
Гуфта мешавад, ки ду гуруҳ ҷавонон, асосан донишҷӯён дар назди мактаби №15 бо ҳамдигар муноқиша кардаанд ва “разбор” байни онҳо ба занозанӣ печидааст. Рақибон бо мушту лагат ва предметҳои дигар қаноат накарда, даст ба корд бурдаанд. Дар натиҷа се нафар иштирокчиёни ин муноқиша ҷароҳат бардошта, аз зарби корд ҷон ба ҷонофарин супурдаанд.
Иштирокчиёни боқимондаи занозанӣ, ки тахминан 10 нафар будаанд, баъди хунрезӣ фирор карда, ба деҳаҳои худ мераванд, вале яке аз онҳо аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шудааст. Тавассути бозҷӯии дастгиршуда шахсияти иштирокчиёни боқимондаи моҷарои хунинро муайян ва онҳоро аз деҳаҳояшон дастгир карда, ба шӯъбаи крҳои дохилӣ дар шаҳри Панҷакент овардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД