Sebiston new 2024 october
Хуни моли қурбонӣ гуноҳҳоро мешӯяд?
1031

 

Ба фарорасии иди қурбон рӯзҳои башумор боқӣ мондааст. Ин ид аз зумраи беҳтарин идҳои мусалмонӣ ба шумор рафта, савобтарин амале, ки танҳо дар ин ид анҷом дода мешавад, қурбонӣ кардан аст. Қурбонӣ кардан савоби зиёде дошта, боиси хушнудии Аллоҳ мегардад ва аҷру подоши бисёре дорад. Аз ҳамин хотир шахсоне, ки имкони молӣ доранд, ин шабу рӯз дар тараддуди хариди чорво барои қурбонӣ ҳастанд.

Киҳо бояд қурбонӣ кунанд?

Қурбонӣ яке аз ибодатҳои молие мебошад, ки Худованд бар зиммаи бандагони мусалмонаш вогузор намудааст. Қурбонӣ кардан ба занону мардони мусулмон, ки соҳибнисоб ҳастанд, яъне молу сарват доранд, воҷиб аст. Сарватманд ва соҳибнисоб шахсе ба ҳисоб меравад, ки ба ғайр аз ниёзҳои худ ва аҳли хонадонаш ҳадди ақал маблағи 21000 сомонӣ дошта бошад.

Савоби қурбонӣ

Қурбонӣ кардан савоби зиёде дошта, гуноҳҳои инсонро мешӯяд. Паёмбар (с) фармуданд:

"Худованд хуни рехтани курбонии инсонро дар рӯзи иди Курбон аз ҳар амали дигараш дӯсттар дорад. Худованд дар рӯзи қиёмат ҳайвони қурбониро барояш зинда мекунад, бо шохҳояш ва мӯйҳояш ва сумҳояш савобашро ба вай медиҳад, ҳатто барои шох ва мӯй ва сум низ подош медиҳад. Хуни қурбонӣ пеш аз он, ки рӯи замин рехта шавад, дар маҳзари Худованд манзалат ва мақом пазириш меёбад, пас бо вақти хуш онро анҷом диҳед ва қалбан бадон шод бошед." (Ривояти Тирмизи)

Чаро ҳузури қурбоникунанда ҳангоми

забҳи моли қурбонӣ зарур аст?

Барои қурбонӣ кардан маъмулан гӯсфанд ё буз мехаранд, вале онҳое, ки ду-се каса шуда қурбонӣ карданиянд, метавонанд гов харида, онро якҷоя қурбонӣ кунанд ва гӯшташро бо тарозу баробар тақсим кунанд. Беҳтарин амал он аст, ки шахс моли барои қурбонӣ харидаашро бо дасти худаш забҳ намояд, вале чунин қудрат надошта бошад, бояд ҳангоми куштани чорво ҳатман дар он макон ҳузур дошта бошад. Ривоят аст, ки Паёмбар (с) ба духтараш Фотима (р)гуфт:

«Дар назди қурбоният ҳозир бош, чун ба вақти рехтани аввалин қатраи хунаш ҳамаи гуноҳонат омурзида мешавад ва бигӯ: "Ҳамоно намозам ва қурбониям ва зиндагиям ва маргам аз они Аллоҳ Парвардигори ҷаҳониён аст, ки шарик ва маъбуде надорад ва бадон дастур дода шудаам ва ман нахустин касе ҳастам, ки дар баробари Худованд таслим ҳастам ва нахустин мусалмонам"» Яке аз асҳобаш гуфт: “Эй Расули Худо (с) ин дастур ва дуо гуфтан барои ту ва хонаводаат мебошад ё барои ҳамаи мусалмонон? Паёмбар (с) гуфт: “Барои хамаи мусалмонон аст ба таври умум.”

Пас, агар имкон доред, аз паси анҷом додани ин амали нек шавед ва қурбонӣ кунед, то гуноҳҳоятон бо хуни моли қурбонӣ шуста шаванд, зеро паёмбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (С. С) фармуданд:

«Касе, ки қудрат дорад ва тавони молӣ дорад ва қурбонӣ намекунад, ба намозгоҳи иди мо наздик нашавад!»

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД