Sebiston new 2024 october
Хунбаҳо Қисми 6
2362


Ниҳоят духтур ҳам ҳомила будани Маҳинаро тасдиқ кард ва ба ин муносибат Маҳинаву Дагар дар доираи оила зиёфат оростанд. Ҳама хушу хурсанд, шукри Худованд мекарданд.

Санавбар худашро хурсанд вонамуд кунад ҳам, аммо сидқан аз фарзандор шудани онҳо шод набуд. Вақте ду авсун аз зинапоя мефаромаданд, Маҳина нохост лағжида ба замин зад. Санавбар ин манзараро дида фиғонаш ба фалак печид. Маҳинаро зуд ба беморхона бурданд. Кӯдак дар батни модар зинда буд. Келинчак вақте ба ҳуш омад, кӯдакам гуфта нола мекард.

-Кудакат зинда ором шав. Аз ҷоят нахез,ба ту хестан мумкин не, –келинашро ором кардани шуда гуфт Сабоҳатхола.
- Росташро гӯй, туро Санавбар тела дод.
- Не, лекин ба назарам чунин намуд, ки гӯё аз қафоям ягон кас тела дода бошад.
- Ин гап ба Сабоҳатхола дастак шуд. Ҳарчанд Санавбарро дӯст дорад ҳам, рафторҳои ноҷойи ӯ хушдоманро асабонӣ мекард. Сабоҳатхола рафта Санавбарро то ором шудани дилаш ҷанг карду ҳар гапе, ки ба даҳонаш ғунҷид гуфт.

                   ххххххххххххххххххх
"Барои чӣ Санавбар Маҳинаро ин қадар бад мебинад?" Ин суол ҳамаро азоб медод, вале ҳатто худи Маҳина ҳам намедонист, ки авсунаш чаро вайро чашми дидан надорад. Ин қадар адоват аз куҷо? Наход байни ду бегонае, ки акнун риштаи хешутаборӣ онҳоро ба ҳам пайвастааст, ин қадар кинаву кудрат бошад. Посухи ин суолро танҳо Санавбар медонист.
Санавбару Маҳина падар яку модарҷудо буданд. Санавбар ҳанӯз кӯдак буд, ки падараш бо модари Маҳина оила бунёд кард. Санавбару модараш моҳҳо дар кӯча сарсон шуданд. Санавбар ва модараш медонистанд, ки Маҳина барои онҳо ӯгай аст. Ҳатто рӯзи тӯй модари Санавбар худро аз чашми падари Маҳина дур нигоҳ дошт, то нафаҳмад, ки Санавбар духтари аслии худаш аст. Неш заниву паст заданҳои Санавбар, авсунашро маҳз ба хотири қасд гирифтан буд. Санавбар мехост тамоми сарсониву саргардони ва рӯзҳои баде, ки пушти сар кардааст ба воситаи Маҳина аз падараш ҷуброн кунад. Соҳиби фарзанд нашудани Маҳина барои Санавбар баҳри қасос гирифтан шароити хуб фароҳам меовард. Гоҳ - гоҳ ба қуттии доруҳои Маҳина ҳабҳое, ки зиди ҳомиладорӣ аст андохта мемонд. Санавбар дар ин лаҳзаҳо аз Маҳина хунбаҳо гирифтан мехост. Ба ҳамин хотир ҳам Маҳинаро аз зина тела дода буд. Мехост ки авсунаш ҳар лаҳзаву ҳар дақиқа дар пеши чашмаш азият кашад. Модари Маҳина кам -кам аз асли воқеа хабардор шуд. Кӣ будани Санавбар ва чӣ корҳо карда гаштани ӯ ба гӯши Сабоҳатхола ҳам расид. Ҳолати Маҳинаву кӯдакаш ҳарчанд нағз буд, аммо нохост бемории Маҳина шиддат гирифт ва кӯдакаш дар батнаш ҳалок шуд. Духтурон омили ҳалок шудани кӯдакро дар заҳролудшавии Маҳина гуфтанд. Ҳама Санавбарро гунаҳкори ин ҳодисаи мудҳиш мешумориданд. Зеро фаҳмида буданд, ки Маҳина ба Санавбар хоҳари ӯгай будааст, аммо Маҳина аз ин оғози надошт. Санавбар мехост хунбаҳо гирад. Барои он рӯзҳое пуразобе ки ҳамроҳи модараш дида буд. Барои ҳамин мехост Маҳина яъне хоҳари ӯгаяш дар пеши чашмаш азоб кашад.
ххххххххххххххххххх
Вақтҳо гузаштанд, Санавбар дар ин миён аз корҳои кардаи худ сахт пушаймон шуд. Маҳина ҳам баъди муддати мадид дугоник ба дунё овард. Санавбар бо Маҳина баъди ба садама дучор шудани дугоникҳояш инсони хуб шуд. Вай акнун, на авсуни ҷангара балки ҳамчун хоҳари ҳақиқӣ менигарист. Ӯ дарк кард ,ки дар ин олам Довар кист!
- Асоси ин олам аз муҳаббат бунёд ёфтааст. Мо, ки инсонем бо муҳаббат зиндаги карданро омузему ба ҳамдигар меҳр дода дар ин дунёи дуруза ҳамдигарро бубахшем. - мегуфт Санавбар.
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД