Чаққонии Санавбар вирди забон буд. Дар зодрӯзи Дагар ҳама аз кордонии Санавбар мегуфтанд. "Санавбар бало-дия, келин бошад ҳамин тавр бошад, - мегуфтанд ҳамсояҳо. Яке аз ҳамсояҳои ба зодрӯз омада, ба Санавбар нигариста гуфт:
-Ягон хоҳар надоред, ки мисли Шумо панҷ панҷааш ҳунар бошад. Ба писарам Фарҳодҷон келин мекардам.
Аз Санавбар пешдастӣ карда Сабоҳатхола ҷавоб дод.
- Хоҳараш ҳаст, аммо ҳоло хурд. Вай мактаб мехонад. - Маҳина дар назди онҳо аз бедаступанҷагиаш шармида замин накафид, ки дарояд. Бе ин ҳам авсунаш Санавбар гоҳу бегоҳ Маҳинаро паст зада ноӯҳдабароияшро ба рӯяш мезад. Маҳина ҳаракат мекард,ки аз чашми авсуни хурдии калонкор дуртар истад ва то қадри тавон ба назараш нанамояд. Бар замми ин 3 сол гузашта бошад, ҳам ҳомиладор нашуд. Дугоникҳои авсунашро дида дилу ҷигараш пора мешуд. Ба онҳо ба ҳавас менигарист, ош мекашид, ки назди ин авсуни заҳрзабон забонкӯтоҳ аст. Азбаски ҳоло фарзандор нашуда буд, ҳама дилаш озор наёбад, зани бефарзанд мисли ятими бекасу кӯ гуфта ҳаракат мекарданд, ки дилашро ёбанду озор надиҳанд. Рӯзе Маҳинаву Санавбар дар хонаҳо танҳо монданд. Дугоникҳо баробар гиря мекарданд. Маҳина хост якеи онҳоро гирифта ором кунад, аммо Санавбар ба Маҳина дод зада ба кӯдаконаш даст нарасониданашро гуфт. Маҳина, ки ягон маротиба ҳарфи баланд нашунида буд, чунин рафтори Санавбар дилашро захми кард. "Барои ба кӯдак нигоҳ кардан, кӯдакдор аввал кӯдакдор шудан лозим." - ҷумлаи охири Санавбар Маҳинаро бемадор кард. Берун баромада худашро дошта натавонисту иони гиряро сар дод. Аз хонаи хушдоманаш баромада рафт. Ҳаракат мекард,ки камтар бо Санавбар рӯ ба рӯ шавад. Баъди таваллуди дугоникҳо аз Маҳина сафи навигарӣ пурсандаҳо зиёд шуд. Ҳар кас ки бинад аз Маҳина мепурсид. "Ҳа ҳоло ҳам хап гаштаедчӣ. Ягон навгонӣ нест? Эҳ ҷавонони ҳозира аз ӯҳдаи ҳамин кор ҳам намебароянд." Ҳарфҳои раста баланди мардум Маҳинаро ҷигархун мекард.
- Э ба гапҳои ҳар касу нокасе эътибор надеҳ. Ин халқ хубу гандаро чашми дидан надорад. Аз моҳ айб меҷуяду аз нохун чирк, - мегуфт Дагар, Маҳинаро ором карданӣ шуда. - Охир духтур ҳоло вақт лозим гуфт. Ноумед шайтон даррав аз Худованди пок ноумед нашудан лозим. Худованд агар бандаам аз самими қалб хоҳаду дуо кунад ман иҷобат мекунам, хоҳишашро бароварда мекунам гуфтааст. Хубаш бо ягон кор машғул шав, худатро андармон кун. Хоҳи хонданиатро давом деҳ. Ин хел ҷигархун шуда маро ҳам азоб надеҳ.
- Дагарҷон маро бубахшед ҳатто таваллуд карданро ҳам намедонам. Аз ӯҳдаи таваллуд кардан намебароям....
-Агар як бори дигар ҳамин суханҳоятро шунавам сахт аз ту меранҷам. Ман ба ту чӣ мегӯям ҳоло организми ту ба ин чиз мувофиқ нест. Ин қадар ҳам худатро айбдор ҳис кардан нагир. Чӣ қадар гумони бад куни ҳамон қадар бемору рӯҳафтода шуда, ҳомила шуданат ҳам дер шудан мегирад. Умедворам ки маро дуруст фаҳмидӣ. - Маҳина зани вафодор ва меҳрубон шуданро мехост, аз ин рӯ хонданиашро давом надода аз паи омӯхтани корҳои хона шуд. Дигар дар бораи фарзандор шудану нашудан фикр намекард ҳаракат мекард, ки ин фикрҳоро аз сараш дур кунад.
ххххххххххххххххххх
Поёни шаби сиёҳ сафед аст гуфтагибарин ба ҳаёти Маҳина ҳам дигаргуни ворид шуд. Муроҷиати пайвастааш ба духтур фоида кард. Рӯзе ҳангоми ташхис духтур ба Маҳина гуфт:
- Ҳоло барвақт аст аммо, эҳтимол Шумо ҳомила шула бошед. - Ин хушхабарро ки ҳоло дақиқ набуд ба шавҳараш расонид.
- Дагарҷон эҳтимол аст, ки Шумо ба наздики падар шавед.
-Ба ростӣ!? Гуфтамку ҳоло ҳамааш хуб мешавад гуфта. - Аз шунидани хушхабар зану шавҳар дар куртааяшон намеғунҷиданд. Ҳар ду ғарқи хаёлоти ширину рангин гардида ба ояндаи дур парвоз карданд. Чунин хурсандӣ пас аз ин ҳам идома ёфт, аммо Маҳина ҳомила набуд. Маҳина аз чунин ранг гирифтани ки кор бадтар афсурдаву бемадор ва хомӯшу хастадил шуд. Ба шавҳараш нигариста боз хӯриаш меомад, ки ба вай бахти падариро то ҳол насиб накардааст. Баъзан ба назари Маҳина чунин менамуд, ки гӯё тамоман кӯдакдор намешаваду бо шавҳараш ҷудо мешавад. Дагар аз ҳоли афсурда завҷааш дар хавотир буд.
Фируза редактор тсел, [22.12.2022 11:58]
- Маҳина, агар маро дӯст дорӣ худатро ба даст гир. Ту бо зиқ шудан ба ягон беморӣ гирифтор мешавӣ. Ва аз ин ғаму дард маро ҳам аз по меафтонӣ.
- Ман нлбудкуеандаи умру бахти Шумо. Ман нокас нозой, ноӯҳдабаро зан ҳастам, - ҳунггосзанон гиря кард келинчак.
-Ҳама чиз ҳикмат дорад ва он танҳо пеши Худованди бузург аён. Шояд аз дер фарзандор шуданамон ягон хуби ба мо мерасад. Шояд моро имтиҳон дорад. Ҳоло нав 3 сол шуд ба оилабунёд карданамон. Ту бошӣ ин қадар зиқ мешавӣ.
-Метарсам, сахт метарсам. Ман аз ҷудо шудан метарсам.
(Давом дорад.)
Абдуғаффор Шодиев