Arzon march 2024
Хунбаҳо Қисми 3
2231

ххххх

Дагар ба фикр фурӯ рафта, китоб мехонд, ки Маҳина бо дидаи ашкбор наздаш омада пурсид:

-Дагар, беҳуда бо ман оиладор шудед, ҳамин тавр не?! Акнуназ ман ҷудо мешавед?

- Чаро ин тавр мегӯӣ?

- Модарҷонам “ҳеҷ корро наметавонад” гуфта аз ман сахт ранҷиданд-ку! Ҳар гоҳ ки ба хонаамон равам, модари худам ҳам маро сарзаниш мекунанд, вале ҳарчанд кӯшиш мекунам, ҳеҷ дасту дилам ба ягон кор пеш намеравад. Ким-чи хел аз зиндагӣ дилсард ҳастам, хаёлам, ки ҳаётам маънӣ надорад. Ягона чизе, ки ба он дилбастагӣ дорам, шумо ҳастед, илтимос бо ман ҷудо нашавед!

-Ақлу ҳушат дар куҷост. Духтар! Магар ман барои дилхушию бозӣ бо ту оиладор шудам, ки ҷудо мешудаам!

-Пас барои чӣ оиладор шудед?

- Барои он ки ман туро дӯст медорам. Дигар дар бораи ҷудо шудан чизе нагӯй майлаш?

-Охир мани ноуҳдабаро ақаллан як духтар ё писар таваллуд карда натавонистам, ки забонамон камтар дароз шавад...

-гуфтам, ки Фарзандро худо медиҳад. Ин қадар дар ин бора гап зада, ҳам асаби ман ва ҳам асабҳои худатро вайрон накун,-Дагар инро гуфту китобҳои рӯйи миз монда, баромада рафт...

 

хххххх

-Санавбар, шумо ин қадар духтари чаққону кордон. Аз панҷ панҷаатон ҳунар мерезад. Ҳайронам, ки чаро ман ҳар қадар кӯшиш кунам ҳам, мисли шумо шуда наметавонам. Ба шумо ҳавасам меояд,- ба меҳр ба всунаш нигариста софдилона гуфт Маҳина, ки ба хонаи хушдоманаш меҳмонӣ омада буд.

-Дар хонаатон як духтаред, дар вақташ волидонатон шуморо расо эрка кардагистанд-дия!

-Бале, дар ҳақиқат эркаи хона будам. Падарам намегузоштанд, ки дастамро ба оби хунук занам. Рӯзи тӯй маро оғӯш карда чунон гиря карданд, ки ҳама меҳмонҳо гирён шуданд,-бо табассум ба ёд овард Маҳина.

-Падару модаратон агар ҳамон вақт шуморо ин қадар эркаю азиз накарда кору бори хонаро ёд медоданд ва каме сахтгирӣ мекарданд, шояд имрӯз дар хонаи шавҳар ин қадар шарманда намешудед,- заҳрханда кард Санавбар.

- Шумо ба ман ёд диҳед. Ба хонаи мо равед. Апаву хоҳар шуда кор мекунем. Ман аз шумо меомӯзам.

- Кору бори худам аз мӯйи сарам ҳам зиёд, ғайр аз ин, ман модар ё апаатон нстам, ки ба шумо рӯзгордориро ёд диҳам,-сахт карда гуфт Санавбар.

Суханони ӯ чунин маънӣ доштанд, ки ману ту ҳеҷ гоҳ дӯст ва апаю хоҳар намешавем, аз ман ягон некиро интизор нашав...

(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД