formula
Худро бисанҷ: Шумо дар зиндагӣ хушбахтед ё бадбахт?
4031

 

Саволҳои начандон душвори санҷишномаи мазкур ба шумо имкон медиҳад, ки то кадом андоза дар зиндагӣ хушбахт буданатонро муайян созед. Барои ҳар як ҷавоби «не» ба саволҳои 1-5, 11-15 ва ҷавоби «ҳа» ба саволҳои 6-10 барои худ 2 холӣ гузоред.

1. Нафароне, ки дар кӯчаҳо бо садои баланд механданд, шуморо асабонӣ месозанд?

2. Аксаран бо чӣ кор машғул шуданро намедонед?

3. Баъзан гумон мекунед, ки зиндагиятон беҳуда мегузарад?

4. Нақшаҳои зиёди амалӣ нашуда доред?

5. Субҳ бо табъи гирифта аз хоб бедор мешавед?

6. Айни замон бо коре машғул ҳастед, ки вақти хатми мактаб дар орзуяш будед?

7. Шумо аз ҳаёти маҳрамонаи худ қаноатманд ҳастед?

8. Дар давоми як сол вазни шумо тағйир наёфтааст?

9. Мехоҳед корҳои гуногуни аҷиб дошта бошед?

10. Аз комёбиҳои худ фахр мекунед?

11. Аксаран аз рафтори нафароне, ки ҳамарӯза дар суҳбат ҳастед, асабӣ мешавед?

12. Баъзан бе ягон сабаб мехоҳед нафареро ранҷонед?

13. Ҳолатҳое мешавад, ки гумонатон чизе ба шумо намерасад?

14. Ба оянда бо тарс менигаред?

15. Муътақидед, ки баъзе қобилиятҳои шуморо дигарон намедонанд?

Холҳоро ҷамъ карда, бо натиҷаҳо шинос шавед

0-12 хол

Ба зиндагӣ ҳамчун саргузашти аҷибу дилхушкунанда нигаред. Шумо ба рафти мавҷ шино мекунед, вале ин нодуруст аст. Орзуҳои наҷибатон амалӣ нагашта бошанд, ғамгин нагардед, балки роҳҳои нишон додани ҳунару маҳорати худро ёбед. Сидқан кӯшиш намоед, орзуҳоятон амалӣ хоҳанд гашт.

14-22 хол

Шумо баъзе чизҳоро ба дил наздик қабул карда аз зиндагӣ метарсед. Эҳсосоти худро назорат намоед, кӯшиш кунед, ки оромиро аз даст надиҳед. Аз наздиконатон ва аз атрофиён талаби зиёд накунед. Талаботи аз ҳад зиёд ба худ ва ба атрофиён боиси асабхаробӣ мегардад.

24-30 хол

Аслан шумо аз зиндагӣ қаноатманд ҳастед. Хислати беҳтарини шумо дар он аст, ки бо вуҷуди ҳама вазниниҳои зиндагӣ дилмонда намешавед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД