Ҷасади 9 тоҷик дар морги Ростов қарор дорад
Ҷасадҳои 9 нафар зодагони Тоҷикистон дар сардхона ё ба истилоҳ “Морг”-и шаҳри Ростови соҳили Дон қарор доштааст. Дар ин бора Ismoilitojik тариқи як навори видеоӣ хабар дода, аз пайвандони фавтидагон хоҳиш кардааст, ки барои шиносоӣ ва гирифтани ҷасади наздиконашон ба ин шаҳр биёянд.
Маълум нест, ки шаҳрвандони кишвари мо дар чи шароите вафот кардаанд, вале гуфта мешавад, ки ҷасадҳо танҳо ба падар, модар, хоҳар, бародар ё оилаи шахсони фавтида баъди ташхиси ДНК дода мешаванд.
Шахсоне, ки ҷасадҳояшон дар сардхонаи шаҳри Ростови соҳили Дон қарор доштааст, инҳоянд:
1. Ашуров Ҷахонбек Саидбекович — таваллуд 04.12.1999
2. Абдулаев Шахром Баходурович — таваллуд 11.08.2006
3. Раджабов Зоиршох Мустафокулович — таваллуд 08.02.1988
4. Сафаралиев Саидбурхон Рахмоналиевич — таваллуд 24.01.1983
5. Отабеков Далер Юлдошевич — таваллуд 13.06.1998
6.Саидшарипзода Махмуд Мусоир — таваллуд 18.12.2003
7. Ходжиев Сардор **Алиевич — таваллуд 01.08.1990
8. Зокиров Азимҷон Рахмонович — таваллуд 29.06.1973
9. Салимбеков Раҳматулло Курбонович — таваллуд 27.02.1978, шаҳри Душанбе
Агар шумо шахсеро аз ин рӯйхат шинохтед, ҳатман ба наздиконаш хабар диҳед, то барои шиносоӣ ва гирифтани ҷасади пайвандони худ ба Ростов сафар намуда, тобути азизони худро ба Ватан биёранд.