arzon replenishment
ХУДОЁРЗОДА БАЪДИ РАФТАН АЗ ВАЗИРӢ ЧӢ ҲОЛ ДОРАД?
3671

Худоёр Худоёрзода, собиқ вазири нақлиёти Тоҷикистон, ки пас аз табобати тақрибан якмоҳа аз беморхонаи "Истиқлол" рухсат дода шуд, фармони аз мансаб барканор шуданашро "бисёр хуб" қабул кард. Дар ин бора Радиои Озодӣ навиштааст.

Худоёр Худоёрзода рӯзи 31 август бар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби "расидан ба синни нафақа" аз вазифа озод карда шуд. Ӯ рӯзи 9 сентябр гуфт, ки пурра сиҳат шудааст ва ҳоло дар хонааш қарор дорад.

"Хабари ба нафақа гусел карданамро бисёр хуб қабул кардам. Бисёр кор кардем, монда шудем, дигар вақти нафақа шуд. Ҳам синнам расида буд ва ҳам хоҳиши худам буд, ки ба нафақа гусел кунанд", - гуфт ӯ.

Вазири собиқи нақлиёт дар бораи ҳодисаи ба сараш омада, тафсилоти бештар надод ва гуфт, ҳамаро "мақомоти тафтишотӣ медонанд, аз онҳо пурсед". Вале чанд ҳамкораш ба “Радиои Озодӣ” гуфтаанд, вазир нақл кардааст, ки ҳангоми ҳодиса дар ҳолати «стресс» буд.

Худоёрзода рӯзи 11 августи соли 2020, тахминан соати 5 – и субҳ дар хонаи истиқоматии худ бо истифода аз корди хоҷагӣ бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани хеш даст ба худкушӣ задааст. Сабаби ин амали вазир “муноқишаи оилавии бавуҷудомада” гуфта шуда буд.

"Худоёр Худоёрзода дар заминаи муноқишаи оилавии бавуҷудомада дар хонаи истиқоматии худ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷаббор Расулов, бинои 67/4, ҳуҷраи 23 бо истифода аз корди хоҷагӣ бо мақсади аз ҳаёт маҳруми сохтани хеш даст ба худкушӣ задааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Тибқи иттлои мақомот ҳамсари вазир - Қаландарова А., писараш Худоёров Некрӯз, духтараш Худоёрова Зайнура, келинаш Суфишоева Гулнисо ва дигар аъзои оилаи ӯ, ки дар хона ҳузур доштанд, аз воқеа хабардор шуда, ба ҷаноби Худоёрзода кӯмаки аввалиндараҷаи тиббӣ расониданд.

Худоёр Худоёрзода 15-уми сентябри соли 1958 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. То таъин шуданаш ба маснади вазирӣ дар вазифаҳои раиси ноҳияи Рӯшон, муовини вазири нақлиёт, вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҳавзаи интихоботии Дерзуди ноҳияи Рушон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯшон фаъолият кардааст. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2017 то 31 августи соли 2020 Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Худоёрзода оиладор буда, соҳиби 4 фарзанд аст.

Ҷойгузини ӯ дар ин мансаб Азим Иброҳим, собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон гардид, ки ба мақоми вазири нақлиёти Тоҷикистон таъин шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД