Formula novemver 2024
ФАВРӢ: ХУДОЁР ХУДОЁРЗОДА ХУДРО КОРД ЗАД!
3010

Худоёр Худоёрзода, Вазири нақлиёти Тоҷикистон субҳи имрӯз дар манзили истиқоматиаш қасд ба ҷони худ кард. Дар ин бора Маркази матбуоти Прокуратураи генералии кишвар хабар додааст.

Имрӯз - 11 августи соли 2020, тахминан соати 5 – и субҳ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Худоёрзода Худоёр, соли таваллудаш 1958, дар хонаи истиқоматии худ бо истифода аз корди хоҷагӣ бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани хеш даст ба худкушӣ задааст. Сабаби ин амали вазир “муноқишаи оилавии бавуҷудомада” гуфта мешавад.

"Худоёр Худоёрзода дар заминаи муноқишаи оилавии бавуҷудомада дар хонаи истиқоматии худ воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷаббор Расулов, бинои 67/4, ҳуҷраи 23 бо истифода аз корди хоҷагӣ бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани хеш даст ба худкушӣ задааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Тибқи иттлои мақомот ҳамсари вазир - Қаландарова А., писараш Худоёров Некрӯз, духтараш Худоёрова Зайнура, келинаш Суфишоева Гулнисо ва дигар аъзои оилаи ӯ, ки дар хона ҳузур доштанд, аз воқеа хабардор шуда, ба ҷаноби Худоёрзода кӯмаки аввалиндараҷаи тиббӣ расониданд.

Феълан, вазир дар беморхонаи “Истиқлол” - и шаҳри Душанбе бистарӣ шудааст. Аҳволи вазир пас аз ҷарроҳӣ дар ҳолати муътадил буда, ӯ таҳти назорати духтурон қарор дорад.

Худоёр Худоёрзода 15-уми сентябри соли 1958 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таваллуд шудааст.

То таъин шуданаш ба маснади вазирӣ дар вазифаҳои раиси ноҳияи Рӯшон, муовини вазири нақлиёт, вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҳавзаи интихоботии Дерзуди ноҳияи Рушон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯшон фаъолият кардааст. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2017 Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Худоёрзода оиладор буда, соҳиби 4 фарзанд аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД